Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Марказӣ як қатор романҳои таърихӣ таълиф гардиданд. Рисолаву очеркҳои арзишманд ва осори таърихии Садриддин Айнӣ, навишта шудани романҳои таърихӣ оид ба зиндагиномаи Абай дар адабиёти қазоқ тасвири симои Маҳтумқулӣ дар адабиёти туркман, таҷАССУМИ бадеии рӯзгори Алишер Навоӣ дар адабиёти ӯзбек ва... аз ҷумлаи чунин иқдом маҳсуб мешавад.
Дар адабиёти тоҷики ин замон пайгирона аз иқдоми Садриддин Айнӣ нависандагони дигар низ рӯ ба таърих ва рӯзгори чеҳраҳои таърихӣ оварда, бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқи бадеии симоҳои таърихию адабӣ дар такомули насри таърихӣ ҳисса гузоштанд. Дар ин миён нависандаи донишманд Сотим Улуғзода бо таълифи асарҳои публитсистӣ, драмаҳо ва ба вижа повести «Ривояти суғдӣ» ва романҳои «Восеъ»-у «Фирдавсӣ» ба рӯҳу равони насри таърихии тоҷикӣ сифати тоза бахшиданд. Ин иқдом аз ҷониби адибони дигар низ идома пайдо карда, дар даврони Истиқлол аз назари теъдоди ҳикояву қисса ва романҳову мавзӯъоти фарогири онҳо вусъат пайдо намуд.
Расул Ҳодизода чун идомабахши мактаби таърихнигории устод Садриддин Айнӣ дар таълифи насри таърихӣ, ба вижа ташаккули романи таърихӣ бо офаридани симои бадеии маорифпарвари бузург Аҳмади Дониш дар романҳои «Ситорае дар тирашаб» ва «На ситораҳо мерезанд» дар рушди насри таърихӣ хизмати шоистаеро ба сомон расонид.
Пайдо гардидани романҳои таърихӣ чӣ дар адабиёти тоҷик ва чӣ дар адабиёти халқҳои дигар баробари тасвир ва бозкушоии чеҳраи шахсиятҳои адабии таърихӣ, амалкарди ҷуғрофии онҳо ва муҳити сиёсиву адабӣ, оид ба суннату анъанот ва муҳити адабиву мақоми намояндагони ақвоми дигар низ иттилоъ дода,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё