Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

номдори мо ҳам дар замони худ як низому тартиб доштанд.

Ясои чингизӣ, тузукоти темурӣ мегуфтанд.

  • Ҳа, ҳа, тақсир... Лекин имрӯз мо на аз рӯи ясову тузукот кор мебандему на худамон як низоми қонун вазъ кардаем, - сухани Сарирро бурида гуфт Аҳмад».

Беихтиёр саволе пеш меояд, ки чаро зеҳну хиради равшанзамирони бухориро гузаштаи барабту низоми Сомониён, махсусан аз рӯи фаросату хирад корбарии Исмоили Сомонӣ, таълифоти Балъамӣ, рисолаҳои марбут ба давлатдорӣ ва раиятпарварӣ эҷоднамудаи Форобию Абӯалӣ Сино ва ба хусус рисолаи «Захират-улмулук» таълифнамудаи Имом Ғаззолӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, образи подшоҳони одилу хирадманд дар шахси Кайониён, Сосониён (Нуширвон ва вазири донишманду батадбири ӯ Бузургмеҳр) ва ниҳоят «Шоҳнома»-и Фирдавӣ ба худ накашид ва ба ваҷд наоварду дастурҳои давлатдории Чингизу Темур ба худ кашидааст?!

Муаллиф бояд зимни офаридани образи Аҳмади Дониш ба роҳи зиндагии ҳамдардону ҳамфикрони вай эътибори махсус медод, зеро ин барои дарки фалсафию эстетикии тақдири таърихии миллати тоҷик аҳамияти махсус касб мекард.

Магар мумкин набуд, ки ба ҷои Мирпӯлод, Иноятбой ва Порсохӯҷа барин тоҷирони бухорӣ ва ё бухоринажоди ба Истамбул рафтуо дошта, ва ба ҷосусони Туркия табдил ёфта, дӯсти ҳамдард, донишманд, ва ниҳоят ҷасуру далери Дониш-Шариф Махдуми Мӯътасим, ки дар кори ба ҷунбиш овардани табақаҳои меҳнаткаши Бухоро роли махсус бозида, бо ҳамин ба муқобили тахти зулматбори амиру ба қатл ҳукм шуда буд, ба доираи биниш ва нигориши Р. Ҳодизода дарояд. Ин марди наҷиб солҳои дар Туркия зиндагӣ ва

пешина
аз 315
навбатӣ