Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

соли 1857 саҳар корвони савдогарон (и Бухоро — В. С.) омодаи сафари Оренбург буд... Аз дурри садои зангӯлаҳо баланд шуд... Мулло Носир (падари Аҳмади Дониш) ба як тарафи камодам баромада, ҳаракати корвонро тамошо мекард. Корвон хеле дур рафта буд. Аҳмад ба ақиб нигоҳ кард дар миёни дашти холӣ ҳайкали падараш дар болои хар беҳаракат меистод»...

Корвон баъли якуним моҳ, яъне дар рӯзи чилупанҷум ё чилушашум ба Оқмасҷид расид ва «баъдан панҷ рӯз коменданти форти Оқмасҷид хабар овард, ки аз Оренбург барои ҳаракат сафорати Бухоро рухсатнома омадааст ва ба тамоми қалъа ва манзилҳо, ки маъмурони Русия ҳастанд, амр шудааст, ки элчиёни амирро то Оренбург гусел кунанд... Дар аввали июл корвони сафорат бо ҳамроҳии Кунгуротбой ва се қазоқи дигар ба роҳ баромад, яъне аз Оқмасҷид ба роҳи Оренбург баромад. Аз рӯи мантиқ корвон на «дар аввали июл», балки аз нимаҳои сентябр ба сӯи Оренбург ҳаракат карданаш мумкин буд!

Дар ҷои дигар муаллиф овардааст: «Аз ин сафар, — гуфт Аҳмад ҳамин дониш ҳосил шуд, ки инсон дар ин дунё на танҳо барои тоати ҳақ, балки барои маъмуру обод доштани ҷаҳон халқ шудааст. Агар фарз кардем, ки аз қарни офариниши одам то ин дам инсон фақат бо тоати ҳақ машғул мешуд ва обод доштани ҷаҳонро фурӯ мегузошт, охир ин рубъи маскун як хоктӯдае мешуд, ки на маъмани одам, балки маскани дарандагону ваҳшиён мебуд... зокуни Русия бар аҳқоми дин не, бар он чӣ дар зиндагии онҳо ҷорӣ аст, қарор гирифтааст.

Баъзе кордонҳои холи сиёсат гуфтанд, ки ҳар подшоҳ зокуни райиятдорию сиёсатро мувофиқи макону замон ба маслиҳату машварати наздикону муқаррабони худ тағйир медиҳад. Ин, албатта, хуб аст, чӣ гуфтед, Сарир? — Ба хаёлам дуруст аст. Умарову подшоҳони

пешина
аз 315
навбатӣ