Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нависанда ва луғатшиноси машҳури рус Далро ба кор ба Оренбург овард, барои корҳои илмию эҷодиаш ҳамагуна шароитро муҳайё сохт. Ба А.С. Пушкин барои ба Оренбург омадану гирд овардани материалҳои китоби бузургаш «Таърихи Пугачёв» ёрии бевосита расондааст.* Агар Р. Ҳодизода дар роман ин далелу ҳуҷҷатҳоро истифода мекард ва ё дар хошия тафсир медод, тасаввури хонандаи тоҷикро аз рӯйдодҳои ба таърихи халқи тоҷик марбут ва ҳақиқати Донишро сахт ба худ кашида, васеътар мекард ва ӯро ба олами ҷустуҷӯӣ раҳнамун месохт.

Ғайр аз ин, дар роман шахсони таърихии ҳафт сол пеш аз таваллуди Дониш ба Бухоро омада, аз ҷумла Негри, Эверсман, Мейндорф ва Демезон бо тағйири ном ба ҳамсӯҳбатони Дониш ва дигар кӯҳнадорони ватанпарасти Бухоро табдил шудаанд. Ҳатто ба Бухоро поручики штаби генералии армияи рус – В.Д. Волховский (ҳамсинфи Пушкин, ки Лицейро бо баҳои аъло тамом кардааст), омада буд. Ин ҳамаро Р. Ҳодизода нағз медонад ва бисёр хуб аст, ки аз паи ҳақиқати таърихӣ ва ҳаётӣ рафта, бо қудрати тахайюлот онҳоро дар ҷараёни воқеаҳо, ташаккули характер ва амали персонажҳо мӯътамад нишон дода тавонистааст. Вале гоҳо ҳақиқати сирфро ба хаёли бадеӣ бадал намудан дуруст набуд. Зеро, тадқиқи бадеии зиндагии як давраи таърих бе тадқиқи амиқи илмӣ сурат баста наметавонад. Дар жанри таърихӣ нависанда на танҳо санъаткор, балки дар айни замон олим ва муаррих аст. (Таъбири М. Шукуров).

Р. Ҳодизода дар роман баъзан ба ихтилофи фикру мулоҳиза роҳ дода, бо ҳамин ба хароб шудани мантиқи тасвир ва андеша сабаб шудааст. Аз ҷумла, 15-уми июли

  • дар ин бора пурратар ниг: Записки о Бухарском ханстве. М; «Наука», 1983, с. 133.
пешина
аз 315
навбатӣ