Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ба гуфтаҳои адиби зиндаёд илова кардан ҷоиз аст, ки бисёр гузарҳои шаҳри Самарқанд пайваста бо ҳавз, масҷид ва ё номи шахсони алоҳида, ки дар бунёд ва ободонии гузар мавқеъ доштанд, номгузорӣ карда мешуданд. Чунончи: Масҷиди кабуд, Масҷиди нақшин, Ҳавзи сангин, Кӯшҳавз, Ашӯр Муҳаммад, Иброҳим Хоҷа ва монандӣ инҳо. Баъзе гузарҳо бо номи шаҳру мавзеъҳои гуногун, ки сокинони он замоне аз ин ҷойҳо маскуни Самарқанд шудаанд, гузошта мешаванд. Ҳамчун гузарҳои Тошкандӣ, Шаҳрисабзӣ, Ургутӣ, Зоминӣ ва ғайра.
Баъди баёни маълумот оид ба гузарҳо муаллиф хонандаро ба сайри боғоти Самарқанд бурда, дар бораи хусусиятҳои боғдории мардуми Самарқанд ва гӯшаҳои гуногуни атрофи шаҳр дар асоси хотираҳои худ ва дидаву шунидаҳояш аз мулоқот бо бошандагони ин маҳалҳо нақл мекунад. Чунончи, яке аз бобҳои ин фасл «Аз Дарвозаи Сӯзангарон то боғоти Равонак» ном дорад ва дар он номи чандин деҳаҳои дар ин самти Самарқанд буда аз қабили Ашӯрчиркин, Қавола, Мӯлиён, Даштак, Оқмасҷид, Шалгамон, Деҳнав, Кӯшмасҷид, Гочҳо, Маҳалла, Андиҷонӣ, Равонак, Шӯрбой ва ғайра бо шарҳи маънои топонимикиашон оварда шуда, дар бораи маҳорати боғдорию кишоварзӣ, меҳмоннавозию урфу одатҳои хоси мардуми ин ҷо ҳикоят карда мешавад, дар бораи шахсони ҷудогона, ки бо муаллиф ва оилаи ӯ иртиботе дорад, саҳифаҳои пур аз меҳру вафо бахшида мешавад. Чунончи:
«...Боғоту киштзорҳои ҳосилхези шукуфо, ки аз Оқмасҷид то Равонак паҳно дорад, ба номи Маҳалла маъруф аст. Дар ин ноҳия деҳқонони гулдасту пуртаҷриба, заҳматдӯсту пуркор зиндагӣ мекунанд. Дар фасли тобистону тирамоҳ аз як замини кишт чанд ҳосили полизу обчакорӣ мебардоранд. Меваву маҳсули полизҳои деҳқонон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё