Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
гардида, онҳоро самарқандиён аз рӯи расму ойини аҷдодони ин сарзамин «гузар» номидаанд.
Муаллифи «Самарқанднома» дар ин боб аз ҷумла чунин менависад:
«Шаҳри кӯҳнаи Самарқанд аз замонҳои қадим то имрӯз ба маҳалҳои ҷудогонаи аҳолинишин тақсим мешавад. Ин маҳалҳоро дар Самарқанд «гузар» мегӯянд. Вожаи «гузар» ба маънии маҳалли маскун фақат дар Самарқанд маъмул нест. Шаҳри кӯҳнаи Бухоро низ мисли Самарқанд аз замонҳои қадим то имрӯз ба маҳалҳои маскун тақсим мешавад, ки мардум онро «гузар» мегӯянд. Шаҳрҳои дигари тоҷикнишин ва ӯзбекнишини Мовароуннаҳр — қариб беистисно ба чунин маҳалҳои алоҳида тақсим мешаванд. Дар аксари шаҳрҳо ин тақсимбандиҳоро «маҳалла» мегӯянд...»
Мо иттилои сареҳ надорем, ки Самарқанд дар кадом замон ё дар солҳои салтаи кадом волӣ ба гузарҳо тақсим шудааст. Дар асоси навиштаҳои баъзе таърихномаҳо, инчунин аз рӯи қадимияти номҳои мавзеъҳои имрӯзаи Самарқанд роҷеъ ба замони пайдо шудани чанде маҳалли маскун ба тақриб фарзияҳо сохтан мумкин аст. Чунончи, дар асри X масеҳӣ дар Самарқанд баъзе маҳалҳо будаанд, ки номи онҳо имрӯз ҳам маҳфуз мондааст. Аз ҷумла, боғистонҳои имрӯзаи Мотрид ва Мӯлиён ҳанӯз дар замони Сомониён аз маҳалҳои машҳури Самарқанд будааст. Қалъаи Чокардиза, ки ҳоло бо ин ном гузаре ҳаст, дар асри Сомониён вуҷуд доштааст.
Гузарҳои Самарқанд ҳудуди муайяне доранд, аммо ин ҳудуд бо девор ё ягон нишоне ҷудо намешавад. Тамоми гузарҳо паси ҳамдигар, паҳлӯ ба паҳлӯ воқеъ гардидаанд, магар ин, ки дар баъзе ҷойҳо кӯчаҳои калон ё ягон кӯчаи хурду тангкӯча ду-се гузар ё маҷмӯи гузарҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд...» (саҳ. 93)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё