Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

Барои ченкунии ченакҳои (параметр) асосии метеорологии атмосферӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Кӯлоб дар ҷойҳои кории нозирони НАМ системаи автоматии мушоҳида «Vaisala AviMet» насб шудааст, ки ченкунӣ ва коркард намудани параметрҳои метеорологӣ тавассути нишондиҳандаҳои насбшуда, инъикоси онҳо, инчунин ташаккул ва паҳн намудани ҳисоботи метеорологӣ ва маълумоти обу ҳаво ва бойгонӣ намудани онҳоро таъмин менамояд.

Бо мақсади таъмин намудани сифати хизматрасонии метеорологии воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва давомнокии мушоҳидаҳои обу ҳаво дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва филиалҳои корхона системаи автоматикии иттилоотии «Метео Эксперт», таъмини барномаи МКА «Метео Телекс», системаи автоматикии иттилоотии «Метео Консутлант» истифода бурда мешавад. Инчунин 4 воҳид барометрҳои нави шабакавии захиравӣ харидорӣ ва системаҳои нави D-ATIS барои таъмин намудани дастрасии автоматикунонишудаи иттилооти метеорологӣ ва маълумотҳои фаврии истифодабарии фурудгоҳҳо ба воситаҳои нақлиётии ҳавоии фуруд ва парвозкунанда насб шуданд. Таъмини иттилоот тавассути паҳши гузоришҳои баландсифати ATIS ва дастрас намудани паёмҳои рақамӣ анҷом дода

пешина
аз 275
навбатӣ