Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар, менеҷерон бо бозори тезтағйирёбандаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ гаштаанд ва онҳоро маҷбур месозад, ки барои тавлиди моли нав аз хизмати ташкилотҳои дигар истифода баранд, чунки аллакай мутахассисони солхӯрдаи онҳо аз уҳдаи навоварии замонавӣ баромада наметавонанд ва ба дигаргуншавию васеъшавии бозор ҷавобгӯ намебошанд.

Интернет мақоми истеъмолкунандаро хеле тағйир дода, бо ин ҳукмронии худ оҳиста-оҳиста аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда гузашта истодааст.

Истеъмолкунанда аз гурӯҳ ба фард табдил ёфта, мол ва хизматҳои алоҳидаи махсусро талаб менамояд, ки ин аз менеҷер ва роҳбар донишу малакаи навро талаб менамояд. Инчунин ба менеҷерон лозим меояд, ки худро ба тағйирёбии босуръати бозор мувофиқ кунонанд. Яъне, диққати асосӣ ва хароҷоти зиёдро барои тавлиди моли нав равона сохта, аксар маврид маҷбур мешаванд қарори оҷил қабул намоянд, ки ин боиси масъулияти калонро ба зиммаи худ гирифтан мегардад. Чунин як ҷараён ба ҳаҷми маҳсулот бе таъсироти манфӣ нахоҳад буд.

Бозори ҷаҳонӣ ҳамчун аҳроми истеъмолкунанда буда, ба Бразилия моле истеҳсол менамоянд, ки барои истеъмолкунандаи дорои даромади паст хизматрасонии он ба ҷараёни ташаккули менеҷменти корпорасияҳои бисёрмиллата таъсири бузург мерасонад. Муҳити гуногунмиллиро ба инобат гирифта идора кардан яке аз муаммоҳои менеҷменти асри XXI мебошад. Инчунин масоили дигари менеҷменти ширкатҳои байналхалқӣ ин синну сол ва фарқияти ҷинсӣ мебошад. Махсусан ширкатҳои калони Амрико ба ин масоил бештар рӯбарӯ гаштаанд.

Таҷрибаи менеҷменти давлатҳои Осиё дар солҳои охир номи инкишофи осиёгиро гирифта, сохтори институционалӣ, системаи сиёсӣ ва моликияти зеҳнии ин мамлакатҳо аз Ғарб куллӣ фарқ мекунанд. Пеш аз ҳама, мавқеи калон доштани оила дар соҳибкорӣ ва бартарии хешу табориву авлодӣ дар интихоби кадрҳо нисбат ба кормандони болаёқату донишманд дар инкишофи осиёгӣ назаррас аст ва ташкилотҳои байналхалқӣ низ маҷбур ҳастанд, ин хусусиятҳоро ба инобат гиранд.

Аз ин хотир менеҷерон низ фарқи байни маданияти миллии ин ё он мамлакат ва маданияти соҳибкориро ба инобат мегиранд. То мавқеи васеъ пайдо

пешина
аз 522
навбатӣ