Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
кардани Осиё дар бозори ҷаҳонӣ, дар Амрико чунин як рафтор ғайриқонунӣ ҳисобида мешуд. Аммо, солҳои охир муборизаи маданиятҳои мамлакатҳо бо ҳамдигар ширкатҳои байналхалқиро маҷбур сохтаанд, ки менеҷерон маданияти баланди соҳибкориро истифода карда, бо назардошти унсурҳо ва талаботҳои этникӣ ва миллии ин давлатҳо моли худро мувофиқ кунонида, дониши соҳибкориро васеъ намоянд. Яъне системаи арзишҳои корӣ дар гурӯҳ, ҳурмату эҳтироми маданияти идоракунӣ, яке аз унсурҳои асосии менеҷмент ба ҳисоб рафта, қатъиян бояд риоя карда шаванд.
Раванди дигари инкишофи менеҷмент инкишофи конвергенсияи технологӣ ва гуногунтаркибии бозори моликияти нав - моликияти зеҳниро ба миён овардааст. Мисол, ширкатҳои ба истеҳсоли молҳои гигиена ва косметика сару кор дошта, вобаста ба он, ки проблемаи пиршавӣ пайдо гаштааст, дар креми истеҳсолкардаашон унсурҳои зидди пиршавӣ ё худ зидди рехтани мӯйи сарро дохил менамоянд. Бинобар ин, моли истеҳсолкунандаи ширкатҳо дар навбати аввал тадқиқоти зиёдеро дар клиника ва табобатхонаҳо гузашта, баъд барои истеҳсол иҷозат дода мешавад.
Чунин як тартибот барои ширкатҳои истеҳсоли моли хӯрокворӣ ва дигар амвол низ мавҷуд мебошад. Проблемаҳои истеъмолкунандагон истеҳсолкунандаро водор месозад, ки сохтор, сифат ва намуди моли худро дигар созад. Чунин як тағйирёбии бозор ва алоқамандии моликияти зеҳнии якчанд соҳаҳо роҳбарони ширкатҳоро водор месозад, ки равияҳои истеҳсоли худро хеле борик махсусгардонӣ намуда, мутахассисони дигар соҳаҳоро низ ба кор қабул намоянд.
Аз тарафи дигар, менеҷерони таҷрибадор низ маҷбур ҳастанд, ки донишҳои навро аз худ намоянд. Вобаста ба ин ширкатҳо бояд лоиҳаҳои махсуси мақсаднок ҷудо намоянд, ки мувофиқи он диққати асосӣ ба таъмини мувовинати технологияи гуногун дода шавад. Идоракунии чунин менеҷмент аз ӯ хислатҳои нави зеҳниро талаб менамояд, ки ин масоили нави менеҷмент дар асри XXI мебошанд.
Раванди дигари инкишофи менеҷмент дар асри XXI ин васеъ гардидани
хатти Интернет буда, дар хислат ва таркиби бизнес таъсири хеле амиқ
гузоштааст. Ҳатто новобаста ба он, ки ташкилот корхонаи таҷрибадори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё