Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

фаҳмишҳо ва унсурҳои нави менеҷмент ба миён омадааст, ки мо дар ин қисми китоби дарсӣ бояд онҳоро бароятон равшан намоем.

Аксари мутахассисон дар он андешаанд, ки глобализатсия ва пайдоиши бозорҳои нав аз қабили Чин, Ҳиндустон, Туркия ва дигарон ба менеҷмент таъсири хеле калон расонидаанд. Аз байн рафтани марзи соҳаҳо, чӣ дар тиҷорати яклухт ва чӣ дар тиҷорати алоҳида худи мафҳуми рақобатро дигаргун сохта, Интернет барои суръати он кӯмаки калон мерасонад.

Дар натиҷа ташкилотҳое, ки обрӯю эътибори калон доранд, хоҳу нохоҳ бояд аз усулҳои кӯҳнаи идоракунӣ даст кашида, шаклҳои нави идоракунии соҳибкориро аз худ намоянд.

Дар даҳсолаи охир менеҷерони таҷрибадор ва менеҷерони назариявӣ таъсири ин омилҳоро муҳокима намудаанд, вале дар мавқеи байналхалқӣ ин масъала васеъ муҳокима нагаштааст. Бинобар ин, аз нигоҳи мо чор омили асосие мавҷуд аст, ки мувофиқи онҳо усул ва шаклҳои менеҷменти корхонаҳоро мо бояд тағйир диҳем:

  1. Идоракунии тағйирёбии моликияти зеҳнӣ ва мадании одамон.

  2. Идоракунии тағйирёбии босуръати бозор.

  3. Идоракунии таъсири Интернет.

  4. Идоракунии унсурҳо ва талаботи навини истеъмолкунандагон.

Таъсири ҳар яке аз ин омилҳоро чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:

Имрӯзҳо менеҷерон бо шахсони хеле инкишофёфтаи мадании бомаълумот ва дорои донишҳои зеҳнии гуногун сару кор доранд. Мисол, Чин ва Ҳиндустон якҷоя қариб 30-50% бозори ҷаҳонии воситаи телекоммуникатсиониро аз худ намудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ташкилотҳои истеҳсолкунандагони ин мол бояд захираҳои худро барои мувофиқат намудан ба ин бозор мутобиқ намоянд. Чунин пешгӯиҳо мавҷуд мебошанд, ки то соли 2010-ум 30-40% гурӯҳи пешвоёни ширкатҳои аврупоиро намояндагони мамолики Осиё ташкил медиҳанд, яъне шахсоне, ки ба маданият, урфу одати осиёгиҳо аз наздик шиносанд.

Инчунин пешравии технологияи электронии ҳарфӣ имрӯзҳо маҷбур месозад, ки ҳатто аксари менеҷерони ширкатҳои калонтарини дунё донишашонро сайқал диҳанд, то аз ин навигариҳо тавонанд истифода баранд.

пешина
аз 522
навбатӣ