Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Роҳи дигари баландбардории натиҷагирии фаъолияти менеҷер диққати косиро барои он масоиле равона сохтан аст, ки онҳо бевосита зери назорати ӯ қарор дошта бошанд. Он корҳоро вобаста ба мураккабиашон бояд дар пайдарпай аҷро намуд, яъне кори мушкилро дар нисф, ё худ охири рӯз гузоштан меҳнатро каммаҳсул менамояд. Хуб мешуд, ки иҷрои ин гуна корҳоро дар оғози рӯзи корӣ анҷом диҳад. Умуман, агар сифат нишондиҳандаи асосии тамоми фаъолияти Шумо ва менеҷменти ташкилот бошад, он гоҳ ба мақсад расидан хеле ҳам имконпазир аст.
Доимо дар вақти иҷрои кор дар мизи кориатон аҳамият бар он диҳед, ки дар болои миз варақу қоғазҳо ва дигар маводҳои зиёдатӣ набуда, инчунин ҳамаи маводи зарурӣ бо тартиб гузошта шуда бошанд.
Барои худ мӯҳлати иҷроиши ин ё он корро муайян созед ва ҳаракат кунед, ки дар он мӯҳлат иҷро намоед. Дар худ қоидаи асосӣ, вале басе муҳимро кор карда бароед, яъне «Иҷрои корҳо дар вақти муайяншуда ҳатмист».
Яке аз хусусиятҳои хоси иҷрои самараноки корҳо, ин интихоби дурусти ихтисос ва махсусгардонии фаъолият хоҳад буд. Дар ин ҳолат метавонед ба яке аз мутахассисони нодир табдил ёфта, тезтар соҳиби обрӯю эътибор гардед.
Кореро бояд бар ӯҳда гирифт, ки дар ҷамъият серталаб бошад, яъне хуб мешуд, ки раванди асосии бизнеси корхонаро бар ӯҳда медоштед.
Дар хотир дошта бошед, ки собиқаи корӣ нишони асосӣ набуда, одамон аз рӯи тайёрии касбиашон соҳиби обрӯю эътибор мегарданд.
Иҷрои самараноки фаъолияти Шумо ба тарафи молиявӣ низ вобастагии зич дорад ва барои ҳар як роҳбар донистани фаъолияти молиявӣ шарти зарурӣ аст. Роҳбар бояд ҳар як факту рақамро хонда, дарк карда, ҷо ба ҷо монда тавонад. Ҳар як кор ё худ фаъолият буҷа, бизнес-нақшаи худро бояд дошта бошад, яъне баҳисобгирии фаъолияти идоравӣ дар ташкилот ва ё худ фаъолияти Шумо ҳатман вуҷуд дошта бошад. Ҳар як роҳбар бояд аз ӯҳдаи истифодаи ҷадвалҳои электронӣ, назорати гардиши маблағҳои пулӣ, тартиб додани баланси маълумотҳо ва умуман гардиши воситаҳои молиявӣ бо як санъати воло баромада тавонад.
Дар корхонаҳо ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз натиҷаи
фаъолият фоида ба даст оварда, боз қарздор мешаванд. Бинобар ин, вақте ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё