Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

фоидаро ба нақша мегиред, диққати асосиро ба вақти ҳаракати воситаҳои пулӣ диҳед, чунки дар муҳлат гардиш накардани воситаҳои пулӣ метавонад, ки тамоми фаъолияти менеҷментро коста ва самаранокии онро паст намояд.

Барои роҳ надодан бо чунин вазъият талаботи зерини аввалиндараҷае вуҷуд доранд, ки бояд ҳар як роҳбар онҳоро донад:

  1. Равандҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва усулҳои дутарафанависӣ.
  2. Системаи ҳисобдории муҳосибӣ, фоида, зарар ва ҳисоботҳои балансӣ.
  3. Даромад аз фурӯши маҳсулот, хароҷот ва фоида.

Донистани ин талабот ба роҳбар имкон медиҳад, ки фаъолиятро ба кам кардани хароҷот ва зиёд намудани фоида равона созад.

Дар ҳама давраҳои фаъолияти кори роҳбарӣ мушкилии рӯҳӣ ва физиологӣ ҳис карда мешавад. Бинобар ин, ҳар як роҳбар бояд имконоти физиологӣ ва дараҷаи мустаҳкамии асаби худро назорат карда тавонад ва дар вақти иҷрои вазифа ба эҳсосот дода нашавад. Аз оне ки Шумо асабонӣ шуда, соатҳои дароз дар мизи корӣ нишаста, кореро иҷро карда наметавонед, хуб мешуд агар бо дигарон ҳалли ин масоилро маслиҳат карда ба хулосае меомадед.

Барои тезтар баромадан аз ҳолати эҳсосотӣ ва ё асабонӣ хуб мешуд, ки ба дӯстон, наздикон ва мутахассисони кордон барои дастгирӣ муроҷиат намоед.

Омилҳои дигаре, ки самараи кори роҳбаронро паст мекунанд, ин боварӣ надоштан аз ояндаи кор, ё худ беғайратии роҳбар аст, ки хавфи шикасти фаъолияти ташкилотро ба вуҷуд меорад.

Барои ба чунин ҳолатҳо дучор нашудан як қатор пешниҳодҳо мавҷуданд:

  1. Бо ҳар гуна овозаҳо ва дурӯғҳо бовар накардан.
  2. Ба ҳар гуна ҳодисаҳои майдабеарзиш асабонӣ нашудан.
  3. Ҳар як ҳодисаро таҳлили амиқ намуда, баъдан хулосаи зарурӣ баровардан.
  4. Вақти иҷрои корҳоро аз як муҳлат ба муҳлати дигар нагузарондан.
  5. Доимо бар фишори эҳтимолият тобовар будан.

Дар ҳама ҳолатҳо роҳбар бояд ба худ боварӣ дошта, дар паи аз байн бурдани асабоният ва фишори рӯҳӣ шавад, яъне андеша намуда, аз эҳсосот барояд, ҷисму рӯҳи худро идора намояд. Агар худро идора карда тавонед, он гоҳ натиҷаи фаъолияти Шумо метавонад самаранок гардад.

пешина
аз 522
навбатӣ