Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
вазифаҳои ба миён омадаро худамон метавонем иҷро намоем ва кадомеро ба дигарон супориш диҳем.
Дар ҳама ҳолатҳо ҳар як менеҷер бояд имконоти худро бо таври фаъол истифода карда, вазифаи дар наздуш гузошташударо саривақт иҷро намояд.
Барои ноил гаштан бо чунин муваффақиятҳо доимо аз воситаҳои коммуникатсионии пешқадам бояд самаранок истифода бурд. Истифодаи технологияи нав метавонад, ки ҳосилнокии меҳнатро чандин маротиба зиёд намуда, моро ба комёбиҳо ноил гардонад.
Яке аз роҳҳои ба ҳосилнокии баланди меҳнат ин тартиб додани мақсадҳои баланди фаъолият ва иҷрои саривақтии онҳо мебошад.
Нишондиҳандаҳои баҳодиҳӣ ва бамақсадрасиро ба ин тартиб метавонад матраҳ намуд:
-
Корҳои асосиеро, ки бевосита ба фаъолияти Шумо тааллуқ доранд, чӣ тавр иҷро менамоед?
-
Ҷараёнҳои кориатон ба оҳистагӣ равона аст, ё худ масъалаҳои ба миён омадаро таъҷилан иҷро кардан мумкин нест?
-
Шумо як чизро доимо дар назар дошта бошед, ки дар иҷрои ҳамаи корҳо бо хароҷоти камтарин ба муваффақияти калон ноил гаштан мумкин аст.
-
Доимо кӯшиш намоед, ки иҷрои коратон барои ҳамкорон намунавӣ бошад ва онҳо аз қафои Шумо раванд.
-
Пеш аз он ки ба коре шурӯъ менамоед, шумо бояд варианти беҳтарини иҷрои онро вобаста ба мақсади гузошташуда ёфта бароед.
Аз тарафи дигар, агар ба мактуби воридгашта, саросема ҷавоб нависед, он гоҳ мумкин аст, ки нофаҳмо ва бесифат бошад ва дар натиҷа қадри фаъолият ва мавқеатонро паст мекунад. Чунин як ҳодисаро дар ҳар намуди фаъолият дидан мумкин аст. Мумкин лаҳзае сари ин мавзӯъ, аниқ андеша намуда, аз фикри дигар корҳо даст кашед.
Дигар ин, ки бояд андешаи онро низ дошта бошед, ки дар иҷрои кор аз дигарон дида хеле уҳдабароед. Доимо нисбат ба худ аз нигоҳи танқидӣ муносибат намуда, барои таҳлил ва тафтиш вақт ҷудо намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё