Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. То чӣ андоза дар гуфтугӯи телефонӣ тез ва пурра ҷавоб гуфтед?

  2. То чӣ андоза Шумо ба мулоқот саривақт ҳозир шуда метавонед?

  3. Болои мизи кории Шумо доимо ботартиб аст?

  4. Дигар критерияҳое, ки ба кори Шумо мувофиқат мекунад.

Агар Шумо дар вақти иҷрои кор фақат омили вақтро ба инобат гиред, мумкин аст, ки сифати коратон хуб нагардад, зеро таассуб ва сахтгирӣ дар ҳар маврид таъсироти манфӣ хоҳад расонд. Бинобар ин, пеш аз он ки менеҷер ба иҷрои коре шурӯъ намояд, бояд роҳи беҳтарини иҷрои онро донад ва мақсади асосии ин фаъолиятро бо пуррагӣ дарк карда тавонад, яъне, Шумо чӣ мехоҳед ва чиро ба даст оварданӣ ҳастед. Дар ин маврид аз масъалаҳои дуюмдараҷаи хурд даст кашида, ба масоили асосӣ диққатрӯй равона созем, хубтар хоҳад буд. Дар иҷрои ҳар кор мувофиқи кордонии худ амал кунед. Нисбати худ талаботи ҷиддӣ дошта, якчанд маротиба таҳлил карда бароед, оё дуруст навиштаед ва қарори дуруст қабул намудаед.

Яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокии кори менеҷмент ин диққати асосиро ба он проблемаҳое равона сохтан аст, ки маҳз ба уҳдаи мо гузошта шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар нимаи рӯз фаъолнокии коргарон пасттар мегардад, бинобар ин дар ин вақт набояд кори мураккаб ва вазнинро бар уҳдаи онон гузошт.

Яке аз роҳҳои дурусти истифодабарии вақт дуруст муайян намудани пайдарпаии иҷроиши корҳост. Ҳама корро якбора иҷро намудан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, рӯйхати пайдарпаии иҷроиши онҳоро матраҳ бояд сохт.

Аз нигоҳи менеҷмент ҳамаи корҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Корҳои басо муҳим.

  2. Корҳои муҳим.

  3. Корҳои зарурӣ.

  4. Корҳои на он қадар зарур, ё ғайримуҳим.

Инчунин, ин корҳо вобаста ба иҷрояшон таъҷилӣ, хеле таъҷилӣ, ғайритаъҷилӣ ва на он қадар зарур мешаванд.

Яке аз усулҳои ба муваффақият ноил гаштан истифода аз донишу фаҳмиши дигарон мебошад. Бинобар ин вазифадор бояд шуд, ки кадоме аз

пешина
аз 522
навбатӣ