Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иқтисодии бозори мол, рақобат, нарх, талаботу таклифоти мол ва ғайра ба миён меоянд. Қабули қарори дурусти менеҷмент маҳз дар ҳамин ҳолатҳо санъати волои ҳақиқии ӯро нишон медиҳанд.

Аксар олимон таъсири берунаро ба санъати менеҷмент чунин гурӯҳбандӣ
мекунанд. (расми 3.)

Расми 3. Таъсири муҳити беруна ба менеҷмент

Чунин унсурҳои муҳити беруна на танҳо ба менеҷменти корхона, ҳамчунин ба ҳар як фард, оила, ташкилот ва ҷамъияти корӣ муяссар буда метавонад.

Агар аз нигоҳи қонуни эволютсионии Чарлз Дарвин андеша намоем, «Танҳо ҳамон растанӣ ва ҳайвоноте зинда мемонанд, ки худро ба олами тағйирёбанда мутобиқ карда тавонанд».

Бинобар ин, вазифаи менеҷменти корхона низ дар эволютсия - таҳаввулот буда, худро бояд ба шароит мутобиқ созад, то ки самаранок фаъолият намояд.

Дар баробари омилҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ имрӯзҳо дар аксари давлатҳои рӯ ба тараққӣ масъалаи макроиқтисодии иҷтимоӣ мақоми хосаеро доро мебошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ