Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Мутахассисон қайд мекунанд, ки «бо вуҷуди он ки одамон мураккаб ва номуайян мебошанд, мо дар бораи онҳо нисбат ба дигар ҷараёни истеҳсолӣ маълумоти кам ва фаҳмиши назариявии нокифоя дорем».
Дар ҳақиқат психология, зеҳни одамон ва қобилияти онҳо аз ҳаргуна компютер ва мушакҳои кайҳонӣ дида мураккаб мебошанд.
Беҳуда файласуфони бузурги дунё доимо таъкид намекарданд, ки «Худро шиносед». Суқрот бо ҳама донишу малакаи худ дар охири умраш бо сӯзиши талх қайд мекунад, ки «Ман фаҳмидам, ки чизеро намедонам». Файласуфи бузурги тоҷик Умари Хайём дар асараш «Наврӯзнома» менависад, ки «Маро кушононам файласуф мегӯянд, вагарна Худованд худ шоҳид аст, ман чизеро намедонам ва ҳатто намедонам, ки ман худ кистам ва барои чӣ ин ҷой ҳастам».
Дар ҳақиқат, муҳити табиӣ дар назди инсони комили дорои қобилияти баланди зеҳнӣ, масъалаҳои нав ба навро мегузорад, ки онҳоро одами камсавод ё худ бедониш дида наметавонад. Ба менеҷерон муяссар гаштааст, ки бо одамон низ сару кор дошта бошанд, на танҳо бо мошинаю таҷҳизотҳо. Мутахассиси бахши менеҷмент А. Смит қайд мекунад: «Роҳи оҳан — ин 95% одамон буда, фақат 5% металл мебошад». Агар мо ба гузашта наздик назар афканем, аксари роҳбарон қувваи зиёди кормандонро доштанд ва метавонистанд, ки ҳар замон онҳоро аз кор озод намуда, дигареро ба кор қабул намоянд. Дар замони ҳозира бошад, дар қисме аз мамолики дунё мутахассисони таҷрибадори касбӣ кам шуда, мутобиқи онҳо қисми зиёди хароҷотҳои корхонаро ташкил медиҳанд.
Муаллифони амрикоии бахши менеҷмент менависанд, ки «Санъати идора кардани одамон яке аз унсурҳои муҳими рақобатпазирии ташкилотҳо ва самаранокии идорӣ гаштааст». Тадқиқотчиёни бахши менеҷмент хуб медонанд, ки на ҳамаи механизмҳои ҷамъиятии корие, ки роҳбарӣ мекунанд, мукаммаланд ва бенуқсон кор мекунанд. Бинобар ин, доимо дар назорат ва таъмини шароити кории ин унсурҳо мебошанд. Санъати менеҷмент маҳз бо он фарқ мекунад, ки дар ҳаёт ҳар рӯзу ҳар соат ҳар лаҳза тағйироти куллӣ ва пасту баландравиҳо ба миён меоянд.
Пайваста дар ташкилотҳо қабули одами нав, пайдоиши оилаи нав, таваллуди кӯдак, вафоти коргарон, норозигиву муноқишаҳо, қабули қарори нави стратегии корхона, қарорҳои ҳукумат ва давлат, инчунин як қатор дигаргуниҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё