Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин пеш аз ҳама дар мураккабии табиати одамон буда, онҳо аз мошинаю таҷҳизот ба он фарқ мекунанд, ки фармоиш, супориш ва фармонҳои гуфтаҳои Шуморо беэътибор намекунанд, ё худ эътибор медиҳанд.

Таҷрибаи роҳбарии асри XX ва хусусиятҳои хоси инкишофи он дар асри XXI нишонаҳои он мебошанд, ки дар фаъолияти менеҷмент барои ба мақсади ниҳоӣ расидан захираҳои зиёд сарф карда мешаванд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, бемайлон васеъ шудани ҳаҷми истеҳсолоти корхонаҳои байналмилалӣ мебошад, ки омӯзишу талаботҳои гуногуни миллию нажодиро ба миён меорад.

Аз тарафи дигар, дар баробари пешравии воситаҳои техникӣ, коркарди пурраи ахбори иқтисодӣ ва усули додани ахбор тағйир ёфта, барномаҳои мураккабе пайдо гаштанд, ки аз кормандон қобилияти баланди физиологию психологӣ ва кордониро талаб мекунанд. Инчунин, муносибати байни роҳбару итоаткунанда хеле мураккаб гаштааст, чунки муносибати дохили ҷамъияти корӣ низ мураккаб шуда, донишҳои баланди одоби роҳбариро талаб мекунад. Аз ин нуқтаи назар имрӯз ҳақмузди менеҷерони баландихтисоси ширкатҳои ҷопонӣ аз кормандони таҷрибадор 11 маротиба, ширкатҳои амрикоӣ қариб 30 маротиба зиёдтар мебошанд. Аз ин рӯ, солҳои охир мутахассисони бахши идоравӣ афзуда истодаанд.

Масалан, аз рӯи нишондиҳандаҳои Донишгоҳи омори Фаронса аввали соли 2000-ум миқдори менеҷерони Фаронса қариб 15-17% зиёд гаштааст.
Дар муваффақиятҳои менеҷмент аксари мактабҳои бонуфузи дунё диққати асосиро ба инкишофи башарӣ медиҳанд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин аҳамияти хеле калон дорад.

Аллакай исбот шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии ноил гаштан ба самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ин истифода аз потенциали захиравии имконоти одамон мебошад, ки бо роҳи меҳнати озоди шахсиятҳо ва эътирофи қобилияти одамон ба даст оварда мешаванд.

Болоравӣ ва самаранокии кори роҳбарон ба он вобаста мебошад, ки то чӣ андоза озодии қобилият, соҳибкорӣ ва эҷодкорӣ эътироф карда мешаванд, меъёр ва усулҳои таъсиррасонӣ аз тарафи давлат ва ҳукумат то кадом дараҷа аз рӯи арзишҳои баланди инсонӣ ҷорӣ карда шудаанд.

пешина
аз 522
навбатӣ