Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
адабиёт;
мусиқӣ;
рақс;
архитектура;
муҳандисӣ ва ғайра.
Аммо санъати волои муносибатҳои инсонӣ хеле мураккаб буда, яке аз соҳаҳои масъулиятноки менеҷмент ба ҳисоб меравад. Яъне ба воситаи сухан равона сохтани одамон ҷиҳати озодона фаъолият намудан, ҷараёни мушкилро дар бар мегирад, ки санъати волои кордониро талаб мекунад.
Ба ақидаи аксари мутахассисон дар баробари боло рафтани синну сол ва таҷрибаи кории ихтисоси роҳбар ба ду чиз бисёртар диққат медиҳанд:
-
Саломатӣ.
-
Оламшиносӣ.
Чӣ гуна бояд ба онҳо таъсир расонид ва чӣ гуна онҳоро бояд роҳбарӣ намуд?
Саломатиро хуб нигоҳ доштан, албатта, осонтар аст, нисбат ба он, ки одамонро шинохтан. Чунки хирадмандон мефармоянд: «Аксари одамон чунин хислат доранд, ки аз намуди зоҳирии худ каме норизо буда, вале аз ақли худ пурра қаноатманд» мебошанд. Дар ин ҳолат маҷбур сохтани онҳо, ки аз рӯи фаҳмиши Шумо кору фаъолият намоянд, хеле мушкил аст.
Чунон ки иқтисодшиноси бузурги Амрико Д. Корнеги қайд мекунад, агар мутахассиси соҳаи саноат ба комёбиҳои бузург ноил гардад, ин муваффақияти ӯ 15% аз рӯи дониши касбиаш буда, 85% аз рӯи қобилияти роҳбарӣ кордонии ӯ ва донистани табиати одамон мебошад.
Бояд қайд кард, ки вазифаи муҳими менеҷмент фароҳам овардани шароите мебошад, ки тамоми ҷамъияти кормандон аз рӯи нишондоди он кору фаъолият намоянд.
Мақсади асосии санъати менеҷмент омӯзиш ва беҳтаргардонии раванди сохтор, усул ва техникаи таъсиррасонӣ ба одамон буда, доимо дар ҷустуҷӯи усулҳои нави иқтисодӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ-психологӣ мебошанд. Усулҳои менеҷмент дар ин ҷода доимо аз рӯи мақсаднокӣ, нишонагирӣ, саривақтӣ ва имконпазирӣ нисбати дигар усулҳои илмӣ фарқ намуда, якдигарро пурра менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё