Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Роҳбари ботаҷрибаи кордон доимо талош бар он дорад, ки кормандони вай донишҳои касбии худро инкишоф дода, навовариҳоро соҳиб гарданд. Инчунин барои мустаҳкам намудани кордонии онҳо доимо дар кӯшиши он мебошад, ки кормандон дар як зина наистода пеш раванд.
Бинобар ин, омӯзиши дигаре, ки нисбатан камхарҷ вале хеле самаранок мебошад, ин бевосита дар корхонаҳо ташкил намудани курсҳои махсуси технологияи пешқадам, навовариҳо, дастовардҳо, санъати менеҷмент ва ғайра мебошад, ки дар аксари давлатҳои пешқадам дида мешаванд.
Албатта, истифода аз усулҳои нави таълимӣ дар ҳама зинаҳои омӯзиш аз фоида холӣ нест. Усулҳои кӯҳнашудаи таълим, дар баробари навовариҳои техникию технологӣ бояд бо усули нав иваз карда шаванд, то ин ки имконоти баландбардории дониши касбии коргарон пайдо шавад.
32.3. Таъмини муҳити озоди натиҷагирии фаъолияти менеҷмент
Мафҳуми умумии «санъат» қариб дар ҳама соҳаҳо истифода карда мешавад. Хусусан, вақте ки ин ё он кору фаъолият бо як ҳунар, маҳорати баланду зебое, ки барои одамони оддӣ хос нест, анҷом дода шавад. Хислати хоси санъат, ин қобилияти нигоҳдории фаъолияти воқеии кордонии одамон, нигоҳдорандаи сарвати бузурги инсонӣ мебошад.
Назария ва санъати идоракунӣ дар менеҷмент таърихи ҳазорсолаҳо доранд, аммо то имрӯз боз захираҳои хеле зиёди инкишофи он мавҷуд мебошанд, чунки дар назарияи илми менеҷмент ҳанӯз пешниҳоди пурра оид ба ҳолатҳои алоҳидаи зиндагӣ дида намешаванд. Дар ҳар ҳолат фаъолияти менеҷмент бояд дар асоси истифодаи қонунҳо, мафҳумҳо, фаҳмишҳо ва усулҳои кордонии одамон сурат гиранд. Асоси тамоми намуди санъат ҷамъбасти фикрҳо, ё худ фаъолиятҳои боақлонае мебошад, ки инсонҳо дар натиҷаи эҷодкориҳо ба даст даровардаанд.
Қайд бояд кард, ки санъат — ин дараҷаи олии кордонӣ, усто будан дар соҳаҳои зерини мухталифи фаъолияти одамон мебошад, аз ҷумла дар:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё