Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Албатта, ҳар як шахс, дар баробари тай намудани як давраи муайяни аз худ намудани дониш фикр мекунад, ки аллакай ӯ ба мақсадаш расидааст. Баъди маълумоти олӣ гирифта, ба ташкилот омадан ва ба қувваҳо ва мафҳумҳои номаълуме гирифтор шудан, ки ӯро хаста мекунанд, дилгир мешавад ва ҳатто, баъзе ҳолатҳо хоҳиши аз кор рафтанро низ мекунад. Аммо бо мурури вақт ин мутахассиси ҷавон ҳис мекунад, ки барои ноил гаштан ба муваффақиятҳо аллакай он донише, ки дар мактаби олӣ гирифта буд, кофӣ нест. Бинобар ин, ӯ ба омӯзиши нави тахассусии худ шурӯъ мекунад ва акнун бисёртар ба он донишкое диққат медиҳад, ки дар кори ҳаррӯзаи ӯ зарур мебошанд. Баъди чанде аз курсҳои махсусро гузаштан аллакай давраи нав дар ҳаёти мутахассиси ҷавон пайдо мегардад, яъне мутахассиси ҳамон соҳа будани худро нишон дода, дар ҷамъияти корӣ обрӯю эътибор пайдо менамояд. Дар натиҷа агар ӯ ин 3 давраи мушкилро гузашта тавонад, он гоҳ ба мақсади худ расида, ӯро ҳамчун мутахассиси варзида - устоди касб мешиносанд. (расми 2.)
Расми 2. Давраҳои фаъоли кории кормандон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё