Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
асоси системаи маориф гардад. Мисол дар Олмон ҳанӯз дар асри XVI маълумоти ибтидоӣ шарти зарурӣ буда, дар охири асри XIX аллакай 97,5% кӯдакони олмонӣ маълумоти мактабӣ доштанд.
Очеркҳои таърихӣ ва мадрасаҳои мавҷудбудаи тоҷикон дар Самарқанду Бухоро, Ҳисору Кӯлоб нишонаи он мебошад, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим ба гирифтани маълумот таваҷҷӯҳи зиёд дошта, дар ин ҷода ҳароҷоти зиёде карда, мадрасаҳои бузурге сохтанд, ки то имрӯз нишонаҳои он вуҷуд доранд.
Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашт, ки дар инкишофи иқтисодиёти мамлакат бетаъсир намондааст. Вале маълум аст, ки вобаста ба гузаштани вақт ва пешравии маънавию моддӣ донишҳои одамон кӯҳна мешаванд ва бояд маълумот доиман бефосила инкишоф ёбад.
Барои таъмини ин ҷараён системаи маълумотии курсҳои баландбардории ихтисос истифода карда мешаванд. Чунин раванди идоракунӣ талаб менамояд, ки ҳамаи кормандон новобаста ба вазифаашон бояд курсҳои махсуси баландбардории ихтисосро пайваста гузаранд.
Аксари олимон дар чунин ақидаанд, ки вобаста ба синну сол дараҷаи азхудкунии дониш барои одамон суст ва мушкил мегардад, ки тахминан чунин шаклро дорад: (расми 1.)
Расми 1. Дараҷаи азхудкунии дониш вобаста ба синну сол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё