Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

инсонӣ, ки имкони ҳамкориро аз одами оддӣ сар карда, то шахсияти бузурги ҷамъиятӣ пайдо месозад, тавассути хирад ба вуҷуд меояд.

Маҳз зинаи «хирадмандӣ» метавонад инсонҳоро ба мақсади волои худ - «Зиндагонии хуб» расонад ва онҳо на танҳо худ, дигаронро низ ба ин роҳ даъват намуда, марзи таъсиррасониро хеле васеъ мегардонанд.

Таъсиррасонӣ ба одамон, ҳидоят намудани онҳо бо роҳи рост, меҳнати ҳалоли пурсамар, адолатпарастӣ, рафтори накӯ ва самаранок хислатҳои хоси хирадмандӣ мебошанд.

Албатта, мо бояд як нуқтаро қайд намоем, ки одамони фавқуттабиӣ низ ба дунё меоянд, ки дар онҳо якбора ҳамаи он гуфтаҳои боло фитрӣ ва модарзод пайдо гаштаанд. Ин гуна одамон дар ниҳояти камӣ буда, мавқеи худро дар ҷамъият худ пайдо карда, чунон васеъ менамоянд, ки ному кору гуфтори онҳо абадзинда боқӣ мемонанд. Шахсиятҳои бузург дар мисоли мутафаккирону шоирон: Суқрот, Арасту, Афлотун, Пифагор, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил аз ин қабиланд. Дар бахши иқтисод ва соҳибкорӣ бошад, аксари олимон дар он ақидаанд, ки дар ҷаҳон Генри Форд беҳтарин ҳисобида мешавад. Шахсоне, ки Г. Фордро мешинохтанд, менависанд, ки барои Форд маблағ ғундоштан монанди он буд, ки кӯдак хокро аз замин ба сатилчааш меғундошт. Ӯ метавонист, ки дар як ҳафта соҳиби миллиардҳо доллар шавад. Ҳатто, вақте ки автомобили нави «Форд» ҳанӯз аз завод набаромада буд, пешакӣ зиёда аз 225 миллион доллар ҷамъ оварда буд.

Чунин аст қувваи бузурги дониш, боварӣ ба қобилият. Чунон ки мутахассисон менависанд, агар дороӣ ва сарвати Форд 25% - аз воситаҳои моддиро дар бар мегирифт, 75%-и ин сарват иборат аз донишу малакаи фитрии ӯ буд.

Агар ба атроф назар афканем, қариб аксари он ашё ва амволе, ки мебинем, ба қобилият, кордонӣ ва бузургии шахсоне пайдо гаштааст, ки имрӯз аз он ҳамаи мо истифода менамоем.

Мақсади асосии ҳар як ҷамъияте, ки мехоҳад инкишоф ёбад, бояд ба баландбардории маълумотнокии одамон равона карда шавад. Шурӯъ аз маълумоти миёна то баландбардории ихтисос ва маълумотгирии бетанаффус бояд

пешина
аз 522
навбатӣ