Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ин масоил ба қарорҳои давлатӣ ва масоили гуногуни идоравии хоҷагии халқ таъсири бузург хоҳад расонд. Таҳлили ин омил имкон медиҳад, ки менеҷмент сохтори демографии ҷамъият, системаи арзишҳои маданӣ ва этникӣ, урфу одат, дину оин, муносибат ба кор, ҷаҳонбинӣ, дараҷаи зиндагонии гурӯҳҳои гуногуни мардумро омӯхта, дар санъати роҳбарӣ истифода намоянд.
Чунки ба инобат нагирифтани ин омил метавонад ба имидҷи корхона ва менеҷменти он таъсири манфӣ расонад. Мисол, болоравии нарх ба маҳсулоти он ё он корхона метавонад ба норозигии аҳолӣ, ҳатто ба корпартоӣ ва гирдиҳамоӣ оварда расонад. Барои аз байн бурдани ин ноқисиҳо як қатор усулҳое мавҷуданд, ки менеҷмент метавонад аз қобилияти худ натиҷагирӣ намояд.
Пеш аз ҳама ба ҳар як менеҷер зарур аст, ки дар ҷои кории худ дар фаъолияти роҳбарии худ усули эҷодкориро истифода карда, ҳангоми коркарди стратегияи шахсӣ ва стратегияи корхона онро гузаронида тавонад. Аз ин ҷиҳат, дарси амалии худ ва таҷрибаи одамони бузургро истифода бояд кард ва ақидаеро пеш гирифт, ки аз нигоҳи шахсӣ аз дигар ақидаҳо куллӣ фарқ кунад.
Кӯшиш намоед, ки меъёр ва нишонагирии хоси худро дошта бошед. Илова бар ин як қатор қоидаҳое мавҷуданд, ки мо бояд онро фаромӯш накунем:
❖ фикрҳои умумиқабулшударо рад нанамоем;
❖ ақидаҳои нав, ҳар қадар арзишманд бошанд ҳам, онҳоро яку якбора
қабул намудан дуруст нест;
❖ ҳар як ақидаи навро дар мутобиқат бо арзиши дурусти ақлонӣ
истиқбол мебояд кард, на дар мувофиқат бо эҳсосот;
❖ шахсиятҳо ақидаро бояд пешниҳод намоянд ва ҷамъият дар сурати ақлонӣ будан онро бояд қабул сохта, амалӣ гардонад.
Ақидаи нав мумкин аст, ки якбора баъди омӯзиши зиёд ё мушоҳидаҳо
пайдо гардад. Шумо бояд, ки тамоми қобилиятро ба он сарф намоед, ки ин
ақидаи наватон амалӣ гардад. Ҳолати дигаре низ ба назар мерасад, ки дар
мушоҳидаатон ақидаи дигарон то ба охир амалӣ нагаштаанд ё ин ки истифодаи
он дар шакли дигар самаранок мебошад; бе истифода аз он низ метавонед ба
мақсад бирасед. Ё ин ки якчанд фикру ақидаҳоро ҳар ҷой ҷамъ оварда дар
натиҷа чизи навро пайдо месозед. Хуб мешуд, ки агар маводи навро хонда аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё