Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

33.2. Дастгирӣ ва пайдо кардани шахсият дар
ташкилот

Бо мақсади дастгирии рушди кормандон дар аввали соли ҷорӣ қисме аз фоидаро дар ҳудуди 2 то 5% барои баландбардории ихтисос равона сохтан ё ҳафтае 10-соат аз рӯи ихтисос, ташкил кардани дарс хеле самаранок мебуд.

Дар ташкилот аслан шаклҳои зерини баландбардории ихтисосро ҷудо мекунанд:

  1. Тайёрии техникӣ.
  2. Баландбардории сифати маҳсулот.
  3. Навовариҳои умумӣ — асосҳои кордонӣ.
  4. Тайёрии функционалӣ ва роҳбарӣ.

Оид ба ҳар як раванди ин омӯзишҳо бояд роҳбари корхона талаботҳои худро пешниҳод намоянд. Ба одамон имкон додан лозим аст, ки истифодаи техникаю технологияи нав, донистани компьютер, ҳунармандӣ — устои кори худ будан, эҷодкориро ёд гиранд.

Барои ба ин мақсад расидан кормандони таҷрибадору доноро ба ҳайси мураббӣ ҷудо карда, онҳоро ҳавасманд намуда, барномаҳои корӣ ва таълимӣ тартиб дода, навоварию эҷодкориро, ки санъати волои менеҷмент талаб мекунад, дар иҷрои кор ва хизматҳо амалӣ гардонем.

Менеҷменти корхона доимо бояд ба он бикӯшад, ки кормандон навовариҳои махсуси касбиро аз худ намоянд. Мисол, дастовардҳои технологияи компьютерӣ ва имконотҳои истифодаи «Интернет».

Аз дигар тараф пайдо кардани тафаккури аналитикӣ дар кормандон, имкони фикрронии чуқури иҷрои кору хизматҳо пайдо карда, маданияти эҷодии коллективро баланд мебардорад, чунки чӣ қадар навоварӣ дар роҳбарӣ зиёд шавад, ҳамон қадар арзишҳои ихтисосмандии менеҷмент баланд гардида, ҳамқадами замона мегардад. Дар истеҳсолот бошад, ҳар як корманд масъулияту ҷавобгарии худро аз рӯи натиҷаи охирини истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои кору хизматҳо ҳис карда, аз аввал то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ҳаракат менамоянд.
Дар дафтарҳои кории мутахассисон, низ чунин як қоидаи корӣ ҷорӣ намудан лозим аст, ки хароҷотҳои вақтро барои қабулу иҷрои қарору супоришҳо ва

пешина
аз 522
навбатӣ