Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Муваффақиятҳои кори «Қаҳрамонон»-и худро қайд карда, шумо боварии одамонро бо худ мустаҳкам месозед ва одамонро рӯҳан водор месозед, ки воқеан «Эҷодкорӣ»-ро сармашқи кори худ намоянд.
Ҳар як роҳбар барои худаш як қоида, ё худ усули хоси фаъолияти роҳбарӣ бояд дошта бошад. Усулҳои роҳбариро дар ташкилот вобаста ба талаботҳои худ ба танзим дароред. Доимо дар хотир дошта бошед, ки мақсади асосии Шумо таъмини ҳавасмандии коргарон ва хоҳиши фаъолияти мустақилонаи кормандон мебошад.
Қоидаи умумии роҳбарӣ дар аксар маврид «Супориш иҷро шуд»-ро дошта, аз рӯи он мукофот ё худ ҷазо дода мешавад. Дар назария инро «Назарияи идоравии Х» меноманд. Назарияи дигари идоракунӣ ин «Назарияи идоравии У» дар ҳолате қабул аст, ки одамон мақсади аниқи фаъолиятро доранд. Барои самаранокии идоракунӣ ҳарду назария истифода карда мешаванд.
Вобаста аз ин усули анъанавии иҷрои корҳо бо роҳи тақсимоти кор дар байни якчанд иҷрокунанда амал мекунад, гарчанде ҳар як давраро бояд назорат намуд. Бо сабаби он, ки фаъолият давра ба давра суръат мегирад, ин усул самараи кам медиҳад. Хуб мешуд як супоришро пурра ба як одам вобаста менамудед, ки дар натиҷа корманд худро «Сарвар» ҳисоб намуда, масъулиятнокӣ баланд мегардад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамон нисбати бекор, ё камкор будан аксар маврид «ҷавобгариро» интихоб менамоянд. Аз тарафи дигар ба дасти як одам супоридани лоиҳа хароҷоти вақтро хеле кам менамояд.
Доимо роҳбар бояд ҳаракат намояд, ки воқеи будани усули роҳбариашро мустаҳкам намояд. Аз ҳар замон иваз кардани он худдорӣ намояд. Доимо аз коргарон пурсон шавад, ки чӣ гуна ёрӣ лозим аст, кадом муаммоҳо вуҷуд доранд, шояд масъулиятнокиро боз баландтар намоем ва ғайра. Ҳаракат намоед, ки ҳавасмандии кормандони алоҳидаро бо мувофиқа ба коллектив нигоҳ доред.
Барои он ки усулҳои роҳбарии Шумо самаранок гарданд, шароитро барои баландбардории ихтисоси кормандон, болоравии онҳоро аз рӯи вазифа муҳайё совед. Ба инкишофи эҷодии ташкилотҳо баҳои якхела додан хеле мушкил мебошад, чунончи баъзе ташкилотҳо худашон курсҳои баландбардории ихтисос ташкил мекунанд, дигарон ба дигар ҷой мефиристанд ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё