Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ба аз кор сабукдӯш кардани коргарон шитобкорӣ накарда, бо воситаи рафтори хуби худ ба онҳо таъсир расонад.
Менеҷерони таҷрибадор медонанд, ки рафтори кормандон аслан ду хел мешавад:
- Рафтори муқаррарӣ.
- Рафтори ҳолатӣ.
Дар вақти бо як суръати муайяншуда пеш рафтани ҷараёни иҷрои корҳо ва хизматҳо, кормандон аз рӯи рафтори муқаррарии худ муносибат мекунанд, ки чунин аст:
❖ қабули эҳсосоти ахбор;
❖ аз тарс ба таваккалкорӣ роҳ надодан;
❖ муқобилият нишон додан дар вақти хатар;
❖ саросема доир ба одамон ва ҳодисаҳо хулоса баровардан;
❖ тез паҳн кардани овозаҳо дар ташкилот;
❖ мубориза барои худнишондиҳӣ ва дигар нишонҳои берунаи худ;
❖ ташкили гурӯҳи ғайрирасмӣ;
❖ ҳаракат ба сӯи вазифагирӣ ва ҳукмронӣ намудан.
Рафтори ҳолатии одамон чунин аст:
❖ муносибати прагматикӣ ба ҳодиса ва ҳолатҳо; ❖ муносибат ба таваккал ҳамчун воситаи соҳибкорӣ; ❖ ташкили муносибатҳои корпоративӣ; ❖ хулосабарорӣ дар асоси таҳлилҳои чуқур; ❖ муносибати кушоди рӯирост бо ҳамкорон; ❖ дастовардҳоро хуб баҳо додан ва қабул намудан; ❖ хатоҳои худро қабул намуда, аз онҳо хулоса баровардан; ❖ ҳамкории коллективиро дастгирӣ намуда, барои мансаб кӯшиш накардан.
Ҳар як корманди дар ташкилот фаъолият дошта, хоҳиш дорад, ки шароити хуби корӣ ва музди меҳнати арзанда дошта бошад, инчунин барои иштирок дар иҷрои мақсадҳои ташкилот мукофот низ гирад.
Аҳроми талаботи одамон аз тарафи олими бузурги равоншинос А. Маслоу хеле хуб оварда шудааст. Талаботи физиологӣ дар зинаи поёнии аҳром ва талаботи худифодагӣ ва худшиносӣ дар зинаи 4 ва 5-уми аҳром буда, одамонро барои ба он расидан ҳидоят меноманд.
Ҳар як корманди оид ба ҳақмузд ва доимияти мавқеаш дар ташкилот доимо андеша дорад, ки ин дар зинаи аввали инкишофи онҳо мебошад. Аммо вақте, ки корманд як зинаи муайяни иҷтимоиро соҳиб мегардад, аллакай ӯро ин талабот кам ба ташвиш оварда, ӯ андешаи худнишондиҳӣ ва худифодагариро дар корашон пеша мекунад ва ҳатто аксар мавридҳо аз мукофотҳои моддӣ даст мекашад.
Хислати дигари одамон эҳсоси арзиши меҳнати худ дар ҷамъият ва қадршиносии онҳо мебошад. Вақте ки коргар дар лентаи корӣ истода, дари автомобилро мечаспонад, ӯ фахр мекунад, ки чунин корро иҷро карда истодааст.
Бинобар ин, менеҷеронро зарур аст, ки дар вақти баҳои иҷрои кору хизматҳо ин хислати одамонро низ ба инобат бигиранд. Дар қисми идоравӣ ҳар як корманд дар кадом зинаи идоравӣ набудааст, фахр мекунад, ки ӯ низ дар идоракунии ташкилот иштирок мекунад, ҳатто новобаста ба он, ки ӯ роҳбари 3 ё 4 нафар корманд, роҳбари сех ё бригадир мебошад. Ба ҳар коргари фаъол ба ғайр аз раҳматномаи Шумо, инчунин қадрдонии коллективӣ низ зарур аст.
Сарчашмаи асосии таъмини талаботи одамон барои иҷрои кор ва хизматҳо инҳоанд:
❖ шароити хуби меҳнатӣ, мавҷудияти ҳолати хуби корӣ, технологияи нав
ва таҷҳизоти замонавии корӣ;
❖ назорат ва ҳавасмандкунии иҷрои корҳо. Адолати ташкили корҳо ва
хизматҳо;
❖ бехатарии фаъолияти ташкилот, яъне дар оянда ташкилот фаъолияти
худро хуб намуда, аз байн намеравад;
❖ ташкили хуби роҳбарӣ, дар асоси арзишҳои баланди рафтори роҳбарӣ;
❖ муомилаи хуб, муҳити рӯҳии корӣ;
❖ ҳавасмандӣ барои иҷрои корҳо ва хизматҳо;
❖ мукофотҳо ва болоравӣ вобаста ба ҳаракатҳо ва қобилияти кордонии
кормандон;
❖ Фидоии корхонаи худ будан;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё