Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Дар забону дар даҳонаш монд-монд.
Ҳар сухан бо шири модар
Сахт шуд, дар устухонаш монд-монд.
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистонире бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.
Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард:
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин.
Аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш
Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.
Гӯиё чун сайди маҷруҳ,
Ӯ ҷароҳатҳои худро
Гаштаю баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.
Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун
Гарчи бо габру мусулмон
Ҳамсаро буд,
Ҳамрасулу ҳамхудо буд,
Дар забон, аммо ҷудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан...
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Бозор Собир

пешина
аз 30
навбатӣ