Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
... Имрӯз дар Хуросон, махсусан Афғонистон, Бухоро ва Тоҷикистон намунаҳои равшане аз тарзи талаффузи забони дарӣ дар деҳот мавҷуд аст.
Маликушшуаро Баҳор
Дар ин нукта баҳс нест, ки дар давраи исломӣ, ҳангоме ки сухан аз забони дарӣ ё порсии дарӣ меравад, мурод забони Хуросон ва Мовароуннаҳр аст, ки тоҷикони имрӯза дар ин марзу бум нигоҳдоранда ва давомдиҳандаи ин забон ва ин адабиёт мебошанд.
Забебуллоҳи Сафо
Забони дарӣ ҳамон забони Балх ва Бухорост.
Маликушшуаро Баҳор
Эътироф кардан лозим аст, ки забони тоҷикӣ, ба ибораи дигар «дарӣ» ё «форсӣ» хеле вақт дар баробари забонҳои паҳлавӣ ва суғдӣ ҷорӣ будааст, аммо «ноаён» ва бехат. Вай ҳамчун забони адабӣ дар ҳамон вақте «нохост» пайдо шуда монд, ки талаботи ҷамъият ба майдон оварда буд.
Иосиф Брагинский
Дар асрҳои миёна муодилае тарҳрезӣ шуда буд: арабӣ забони олимон, туркӣ забони сипоҳиён, форсӣ забони шоирон.
Олҷас Сулаймон
Забони шеъри туркӣ то қарни гузашта ҳафтод фисад аз форсӣ таркиб ёфта буд. Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форсӣ ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кӯраи шеъри Рӯдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёкути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст.
Дарӣ тоҷи сари сафеди тамаддуни эронист.
Олҷас Сулаймон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё