Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт

Аз мураттибон Забон ҳадяи бебаҳоест, ки барои одамизод ато шудааст. Он имконият медиҳад, ки инсон қонунҳои табиат ва рушди ҷомеаро дарк намояд, соҳаҳои гуногуни илму техника ва санъатро пеш бубарад, ба фарҳангҳои халқҳои дигар ҳамгиро гашта, панду андарз ва ҳикматҳои миллии дар худ фарогирифтаро ба намояндагони миллатҳои дигар интиқол диҳад. Ҳамзамон аз бозёфтҳои ба даст овардаи фарҳанги миллӣ ва нерӯҳои зеҳнии он ҳикоятҳо бикунад ва бо тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамгиро гашта, дар ғанӣ гаштани фарҳанги намояндагони миллатҳои дигар мусоидат намояд.

Забон ҷони миллат аст ва бе забон миллат арзи вуҷуд карда наметавонад ва худи башарият низ бидуни забон вуҷуд надорад. Забон қобилияти инсонии муошират ва тафаккур буда, ҳам дар шакли забони модарӣ ва ҳам дар шакли маҷмӯи забони халқҳои дигари ҷаҳон арзи вуҷуд мекунад. Аз қадимулайём мардумон забони модарӣ ва дигар забонҳоро меомӯхтанд.

Бошуурона омӯхтани забони тоҷикӣ ва грамматикаи он бе шавку завқ ба забон, ба боигарии беинтиҳо ва нерӯи бузурги таъсиррасонӣ ва ифоданокӣ ғайриимкон аст. Истифодаи бамавқею уҳдабароёнаи маводи шавқовару пурмуҳтаво дар дарс, корҳои берун аз синф, дар машғулияту маҳфилҳои доир ба забон бахшидашуда муҳаббати хонандагонро ба забони тоҷикӣ меафзояд ва муносибати эҳтиёткоронаи ононро ба забони тоҷикӣ бедор мекунад.

Вақте ки оид ба пайдоишу давраҳои рушд, зебою гӯшнавозӣ ва нишотафзо будани забон ба хонандагон маълумот медиҳем, гуфтаҳои бузургону донишмандони хориҷию ватаниро овардан басо мувофиқ аст. Андешаю гуфтори сиёсатмадорону адибони хориҷию ватанӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, онон ба забони тоҷикии форсӣ ва дарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд. Ин нуктаро дар гуфтору навиштор ва баҳодиҳии онон баръало дидан мумкин аст.
Дар ин ҷузва (брошюра) чанде аз гуфтори арбобони ҷамъиятӣ, олимон, аҳли адаби кишварамон ва мамолики наздику дур дар васфи забони тоҷикӣ гирд оварда шудаанд. Возеҳ аст, ки ин муште аз хирвор аст. Дар гуфторҳои овардашуда қадимию ширин ва хушсадою хушоҳанг будани забони тоҷикӣ зикр гаштаанд. Хондани ин порчаҳо дар қалби ҳар як фарди тоҷик, ба хусус насли ҷавон, шавқу завқ, муҳаббат ба забони модарӣ ва эҳсоси миллиро бедору қавитар месозад ва дар тарбияи худшиносии миллии насли ҷавон нақши басо бузург мебозад.

Мавод барои мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва дӯстдорони забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад.

аз 30
навбатӣ