Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ӯ баъди муддате шах шуда нишастан. — Аз шаҳр як занак телефон кард. Ҳа, овози зан буд. Пурсид, ки чаро ду рӯз боз ангишти конро накашондаем? Ман гуфтам, ки аз омадани ангишт бехабар мондаем. Дар воқеъ ҳозир, ки тобистон аст, ин чиз чандон зиёд лозим нест. Ғайр аз ин мо захира дорем. Занака боз пурсид, ки кай мекашонем? Ман гуфтам, ки пагоҳ мекашонем. Сонӣ чӣ гуфт? Ҳа, сонӣ гуфт, ки агар аз пагоҳ дер монед, барои анборро банд карданатон ҷарима медиҳед. Ҳамин хел қонун ҳаст, рафиқ капитан. Шумо, рафиқ капитан, феълу хӯи бухгалтери моро намедонед. «Ҷарима-парима гуфтани чизро намедонам, мегӯяд. Ҳар кас айбдор бошад, ҷаримаро аз кисааш додан гирад» мегӯяд. Барои ҳамин ман ҳаракат кардам, ки ангиштро зудтар кашонда гирем...
— Овози занаки бо телефон гапзадаро мешиносед?
— Надонам, охир овози кас... телефон... — гуфта ҷавоби муҷмале дод Бевзюк.

Ҷобиров Шавкат ва Бевзюкро ҳамроҳи худ гирифта ба шаҳр равон шуд.
— Ин кори қаровул асту бас, — мегуфт дар роҳ Шавкат. — Вақте ки ба мошини ман ангишт бор мекарданд, он мӯйсафеди беимон дар атрофи мошин як-ду бор чарх зада буд. Дигар кас наздик ҳам нашӯдааст. Ба ҳурмати виҷдон, рафиқ капитан, — мегуфт Шавкат торафт ба ҷӯш омада, — ин кори ҳамон рӯбоҳ асту бас.
Пётр Степанович дар як гӯшаи мошин бо ҳавоси парешон ва димоғи сӯхта сокит менишаст.


Лейтенант Суриков ба анбори ангиштсанг дар охирҳои рӯзи кор омад. Қаровули пири анбор бо як шофер ҷанҷол мекард. Шофер мегуфт, ки то соати панҷ ҳоло хеле вақт ҳаст, бо крани борбардор боз чанд мошини дигарро пур кардан мумкин. Мӯйсафед мегуфт, ки одамон ҷони муфт надоранд, ки барои дигарон шуда, то нисфи шаб ҷанги сиёҳ хӯрда гарданд. Ниҳоят мӯйсафед гапи худро гузаронд ва шофер дашном

пешина
аз 102
навбатӣ