Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
дода, дашном дода мошини холиашро ҳай карда рафт.
Суриков ба қаровул наздик шуда пурсид:
— Ота, мудири анбор дар куҷост?
— Ман дар ин ҷо ғазал хонда истодаам магар?— бо хашм бонг зад мӯйсафед.— Соат панҷ шудаасту ин одам мудир канӣ мегӯяд! Намедонам, ақлу фаросоти мардумро чӣ ҷин зада бошад!
Суриков аз дуруштгапии мӯйсафед ранҷид. Аз даҳони қаровул гуппас зада бӯи шароб меомад. Бо вуҷуди ин лейтенант худро даст гирифта, ба каноре рафт. Дақиқае «аз кадом идора буданамро фаҳмонам ё не?» гӯён дудила шуда истоду охир ҳам чизе нагуфта аз анбор баромада рафт.
Хонаи мудири анборро бо роҳи дигар суроғ карда ёфт. Вай одами ҳалими ситорагарме будааст. Суриковро ба рӯи суфа нишонда, дар пешаш дастархон кушод, чою нон, обу мева овард.
Мудир қаровулон, машинисти кран ва ходимони идораашро алоҳида-алоҳида тавсиф намуд. Ҳамаи онҳо одамони оддии меҳнаткашанд, бо корубору рӯзгори худ машғул. Чунон ки дар урфият мегӯянд, на ба касе медиҳанду на аз касе мегиранд. Лекин, ғайр аз инҳо, дар анбор се коргари мавсимӣ ҳам будааст. Мудир чӣ гуна одам будани онҳоро рости гап, намедонистааст.
Баъди анҷоми нақли мудир Суриков хандакунон гуфт, ки вай имрӯз бо яке аз қаровулони анбор ҳамгап шуд, аммо як даҳан гап зада, ба зери борони дӯғу дашном монд.
— Ҳа, шумо Ҳотамамакро мегӯед. Вай ҳамин хел аст, камтар дагалнамо.
— Боз шароб ҳам менӯшидааст, аз афти кор,— оҳиста луқма партофт Суриков.
— Рост, менӯшад мӯйсафед, менӯшад. Ба ҳамин синну солаш, бадбахт, шароб мехӯрад.
Ҳамин хислати Ҳотам амак тааҷҷуби Суриковро меовард. Вай шунида буд, ки дар байни мӯйсафедони маҳаллӣ шаробнӯшаш намешавад.
Ғайр аз ин ба як маоши қаровулӣ ҳар рӯз шароб нӯшидан ҳунари ҳар кас ҳам нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё