Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бевзюкро яке аз ёрдамчиёни капитан ба кабинети саринженери кон гирифта овард, ки Ҷобиров ӯро дар ҳамон ҷо мунтазир буд. Пётр Степанович аз рӯи одати худ сари синаашро бо кафи даст пахш карда, вазнин-вазнин нафас мегирифт. Аз рӯ ба рӯи Ҷобиров дар курсӣ нишаста, ак оҳи чуқур кашиду гӯё худ ба худ гап мезада бошад, ба тарафи тиреза нигоҳ карда, ба ҳасрат даромад:

— Одами камбағалро аз болои уштур ҳам саг мегазад, мегӯянд, рост будааст. Акнун дар ҳамин ҷо аз ҷанҷоли дунё фориг шуда, нафасамро рост мегирам гуфта будам, боз нашуд. Аз кадом гӯр ҳам он таппончаи лаънатиро ба даст гирифтам! Арвоҳ занад мани каллаварама!..

— Пётр Степанович, ба ман гӯш диҳед, — мобайни сухани Бевзюкро бурида гуфт капитан, чун дид, ки дарду ҳасрати ӯ ба зудӣ тамом намешавад, — ба ман гӯш диҳед: чаро шумо дирӯз исрор кардед, ки ангиштро маҳз ҳамин рӯз кашонанд?

— Саволатонро фаҳмидам. «Чаро маҳз ҳамин рӯз ангиштро кашондӣ?» мегӯед, — такрор кард Пётр Степанович ва илова намуд: — Ба худо, ки намедонам.

Аз афти кор, майнаи ин одам ҳамчунон бо таппончаи кассири марҳум банд буд ва ҳеҷ сарфаҳм намерафт, ки аз чӣ сабаб ба ӯ дар хусуси ангишткашонӣ савол медиҳанд.

Ҷобиров аз ғалладони стол минаро бароварда ба мудири хоҷагӣ наздиктар бурд ва пурсид:

— Ин чист?

— Чӣ мешуд? Ангишт!..

— Мина аст ин, Пётр Степанович, минаро медонед, албатта, яъне бомба барин як чиз.

Ранги рӯи Бевзюк сап-сафед шуд. Вай ба чизи шалгамшакли ангиштранге, ки дар дасти Ҷобиров буд, бо як тарс ва даҳшати бемисол нигоҳ мекард. Дақиқае баъдтар мулоҳиза карда дарёфт, ки модоме ки ба ӯ минаи ангиштмонандро нишон дода, дар бораи ангишткашонӣ сухан меронанд, аз ӯ гумони бад бурдаанд. Инро фаҳмида буд, ки мадору ҳуш аз тану аз сараш парид.

— Ба ман аз шаҳр телефон карданд... — ба гап даромад

пешина
аз 102
навбатӣ