Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ОЧАИ ЗОЧА

Очаҷонаш оча буд,

Очаи Зебоча буд.

Зебо духтари ў буд,

Доим дар бари ў буд.

Падараш Зоча харид,

Баҳри Зебоча харид.

Зебоча гул-гул шукуфт,

Хобонду аллааш гуфт.

Зебоча ҳам оча шуд,

Очаҷони Зоча шуд!

НИЗОМ ҚОСИМ

ШАПАРАК

САФАР

Яку дую се…

Ура!

Мошин даромад ба раҳ!

Кўчаи мо қафо монд,

Сирку дарё қафо монд,

Мағозаи калон ҳам,

«Олами кўдакон» ҳам,

Бозорро гузаштем,

Гулзорро гузаштем,

Ба росту чап гаштем,

Саргарми гап-гап гаштем…

Шаҳр оқибат монд ақиб,

Деҳаи мо шуд қариб!

ЧЎҶА, ҶЎЧА ВА ХЎҶА

(шеъри тезгўяк)

Гузашта рафт аз кўча

Чўҷа ба лаби ҷўча,

Хост аз ҷўча хўрад об,

Хўрд пои чўҷа тоб.

Дид худашро чўҷа

Ногаҳ дар байни ҷўча.

Ҷўча чўҷаро мебурд,

Чўҷа ҷўчаро мехўрд…

Ин дам гузашт аз кўча

Соҳиби чўҷа – Хўҷа,

Чашмаш ба ҷўча афтод,

Ба ҳоли чўҷа афтод,

Ба ҷўчаи зар афтод,

Ба чўҷаи тар афтод…

Чўҷаро Хўҷа гирифт,

Аз оби ҷўча гирифт,

Шодон, дар дасташ чўҷа,

Рафт ба хона Хўҷа…

ЧАШМА

Баччаи кўҳу дараӣ,

Чобукӣ - оҳубараӣ,

Дар раҳи худ шаршараӣ,

Ҷўиву рўди сараӣ.

Рўд шавад аз ту равон,

Баҳр шавад аз ту дамон,

Сабза шавад аз ту нишон,

Сабз шавад аз ту ҷаҳон.

Ҷўш бизан, ҷўш бизан,

Ташнагии мо бишикан,

Соф бимон, пок бимон

Чун дили мо, чун дили ман.

Чашми пур аз нур шавӣ,

Марди раҳи дур шавӣ,

Чашмаи маъмур шавӣ,

Чашмаи машҳур шавӣ!

«ШЕЪР»

Гул гуфтему гул гуфтем,

Овози булбул гуфтем,

Мурғаку дона гуфтем,

Мўяку шона гуфтем,

Очаву додо гуфтем,

Ҷону дили мо гуфтем.

Апаву хоҳар гуфтем,

Ба ҷон баробар гуфтем,

Моҳу Фарзона гуфтем,

Ҳарду дугона гуфтем…

Гуфтем аз ону аз ин

Равону поку ширин,

Мо бехабар, худ ба худ

Як шеъри нав пайдо шуд!

пешина
аз 14
навбатӣ