Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ШАФОАТ

Мехезаду меафтад,

Меафтаду мехезад,

«Кис-кис»-ҳояш раҳбараҳ

Аз кисааш мерезад.

По ба зинаҳо монда,

Ба зинаҳо по монда,

Шафоати ҷон ояд,

Афтону хезон ояд,

Саропояш пури хок,

Дилу дастаконаш пок,

Ояд ба хонаи мо

Шафоатҷони бобо.

Тоҷикӣ – дилу ҷонаш,

Японӣ – чашмаконаш,

Бо худ шодӣ меорад,

Дилкушодӣ меорад.

Дилкаш асту дилҷўй аст,

Хушзабону хушгўй аст,

Гўё, ки ҷони бобост,

Хоҳараки ҷони мост!

БЕХОБ

Ана, соат ҳам даҳ шуд,

Рўшантар қурси маҳ шуд,

Ором шуд ҳама ҷо,

Наояд ягон садо.

Хайбару Мошон хобид,

Мурғаки марҷон хобид,

Говаки ало хобид,

Бузаки бало хобид,

Ширин хобида ҳатто

Баррача бо чашми во.

Ин хобиду он хобид,

Тамоми ҷаҳон хобид,

Хоби бобо ҳам омад,

Хоби момо ҳам омад,

Бедор аммо Ҷаҳонгир,

Ку чораву ку тадбир?!

Кай парвои шаб дорад? –

Хандаҳо ба лаб дорад!

То ними шаб мебозад,

То афтодан метозад…

Меафтад рўи ҷогаҳ

Беҳол ў баногаҳ,

Дар бари мо мехобад,

Аҷаб зебо мехобад!

ШОГУНА

Момо омад аз духтур,

Даҳонаш аз ханда пур,

Ҳама сўяш давидем,

Аз очаҷон пурсидем,

«Очаҷон, - гуфто, - нағз аст,

Ниничааш чун мағз аст,

Мағзи ширини бодом,

Мондемаш Шогуна ном.

Кўтоҳи гап, Шогуна

Аз сар то по – могуна,

Хушбину шоду хандон,

Яъне, мисли худамон!

Чун акааш Ҷаҳонгир

Дилҷўй асту дилпазир,

Мисли акаҷони худ

Доим мехонад суруд,

Сурудаш ранга-ранга:

«Ға-ға»-ю «Инга-инга»!

ХОБ

Гуфтам, ки хоб кардам,

Хобам наомад.

То даҳ ҳисоб кардам,

Хобам наомад.

То навад кардам ҳисоб,

Хобам наомад.

То ба сад кардам ҳисоб,

Хобам наомад.

Аз нав бурдам бесадо

То сад ҳисобам…

Саҳар хезам, ки кайҳо

Бурдаст хобам!

КУНҶКОВӢ

Одамон оянд аз роҳ,

Роҳ аз куҷо меояд?

Рўшанӣ ояд аз моҳ,

Моҳ аз куҷо меояд?

Гов алаф мечарад,

Алаф чи мечарад худ?

Ароба мебарад бор,

Бор чи мебарад худ?

Бачаро зода оча,

Кӣ зодааст очаро?

Як ҷо истода соҳил,

Меравад дарё чаро?

Ҳар саҳарӣ ба мактаб

Чаро меравад Барзу?

Чаро мактаб як саҳар

Намеояд пеши ў?

Кўл чаро пури об?

Кўҳ чаро баланд аст?

Ними шабу аз савол

Сари ман аз чи банд аст?

Ба ҷўи деҳаи мо

Об аз куҷо меояд?

…Ба чашмони ман охир

Хоб аз куҷо меояд?..

пешина
аз 14
навбатӣ