Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ҚАҲР

Ба қаҳр ояд Аъзамҷон,

Мешавад дунё вайрон,

Мегўяд: «Дарё – аз ман!

Сабзаи саҳро – аз ман!

Очаву додом - аз ман!

Момаву бобом – аз ман!

Қайчиву шона – аз ман!

Тамоми хона – аз ман!»

Лекин як-ду лаҳза пас,

Ҳамин ки шуд қаҳраш паст,

Босаховат мешавад,

Олиҳиммат мешавад:

Шонаро ҳам медиҳад,

Хонаро ҳам медиҳад,

Очаву додоро ҳам,

Момаву боборо ҳам, -

Бе ҷанҷолу бе ғавғо

Медиҳад ба Нурулло,

Ба Рухсора медиҳад,

Ба Маҳвора медиҳад,

Мешинад худаш беғаш,

Дастаконаш таҳи каш.

«НАРАВ, ЯНГА!»

Янгаҷонам Дилоро –

Як зани маҳфилоро,

Хушсухан, булбул барин,

Дастаконаш гул барин.

Дилёб аст ўву дилҷўст,

Ҳама медорандаш дўст.

Нағзаш бинад хеле ҳам

Ниниҷони мо Аъзам.

Ҳамин ки бинад ўро,

Гул мекунад саропо,

Дар оғўши янгаҷон

Даррав мекунад макон.

Янга чу рафтанӣ шуд,

«Хайр!» - агар гуфтанӣ шуд,

Нинӣ, зада дасту пош,

Мекунад сўяш талош,

«Инга, инга!» - мегўяд,

«Нарав, янга!» - мегўяд!

МАҲВОРА - ДАР ГАҲВОРА

Маҳвораҷон куҷо шуд?

Дар куҷое баҷо шуд?

Сар-сари дасти бобо,

Сар-сари дасти момо,

Сар-сари дасти хола,

Сар-сари дасти Лола,

Сар-сари дасти амма,

Сар-сари дасти ҳама –

Мегашт сар-сари даст,

Аз он ҷо куҷо шудаст?

Ана, акнун фаҳмидам,

Бо чашмони худ дидам:

Аз сари дасти бобо,

Аз сари дасти момо,

Аз сари дасти хола,

Аз сари дасти Лола,

Аз сари дасти амма,

Аз сари дасти ҳама

Хобаш бурдасту мондаст,

Ба гаҳвора хобондаст!

Куҷо шуда Маҳвора?

Маҳвора - дар гаҳвора!

пешина
аз 14
навбатӣ