Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ХОБ

(аз Валентин Берестов)

Яку дую сею чор,

Панҷу шаш…

Саду ҳазор!

Вақти хобидан омад,

Хоби хуш дидан омад.

Агар хобӣ, бинӣ хоб,

Нахобӣ, бинӣ азоб!

ЧИСТ ОН?

(аз Самуил Маршак)

Рўи дарёву ҷўча

Мерезаду мепошад.

Ман нестам дар кўча,

То вақте ки ў бошад.

(борон)

Омад он аввали сол

Фарбеҳу чоқу хушҳол,

Батадриҷ он лоғар шуд

Ва ғоиб аз назар шуд.

(тақвим)

АГАР…

(аз Эдуард Успенский)

Агар духтар мебудам,

Мебудам агар духтар,

Намебозидам фақат,

Дар ҳама кори хона

Мебудам ёри модар.

Хонаҳоро меруфтам,

Фаршҳоро мешустам,

Мепухтам худам ғизо.

Бозичаҳои худро

Мекардам худ ҷобаҷо.

Медидӣ – дар ҳама кор

Бо модарам ҳамдастам.

Ҳайронам ман, ки қисмат

Накард аз чӣ духтарам,

«Писарам, офаринат!» -

Мегуфт он гаҳ модарам!

НИЗОМ ҚОСИМ

ХОБ АЗ КУҶО

МЕОЯД?

«НИНИЛО»

- Нинило, эй Нинило!

- Нинило, ин ҷо биё!

- Бобоям ку, Нинило?

- Момоям ку, Нинило?

- Нинило, холаҷон ку?

- Зочаи Лолаҷон ку?

- Велосипедам куҷост?

- Тўби сафедам куҷост? –

Ин ба ҳама аён аст:

Овози Аъзамҷон аст.

Ба ҳар чиз ў дорад кор,

Дорад саволи бисёр.

«Нинило»-яш Нуруллост,

Нурулло акои мост.

РУХСОРА

Рухсораҷон, Рухсора,

Рухсораи маҳпора,

Ороми ҷони оча,

Ёрирасони оча,

Аллагўяки хоҳар,

Курташўяки додар,

Сумкабараки ако,

Тоҷи сараки додо!

пешина
аз 14
навбатӣ