Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ГУМКУНАК

(аз Ҷони Родари)

Гумкунак мебошад вай,

Гум карда вай трамвай,

Гум карда овозашро,

Мўҳои дарозашро,

Гум карда иштиҳоро,

«Ёбедаш!» - гўяд моро.

Гум карда гўиши хос,

Ассалому пурсупос,

Чатраки олиашро,

Каллаи холиашро,

Сари афсонаро ҳам,

Калиди хонаро ҳам.

Ҳам ҳиссашро гум карда,

Адресашро гум карда!

Фақат гум накарда вай

Хушҳолиашро! Вай-вай!

КАЛЛАИ ПРОФЕССОР

(Ҷеймс Ривз)

Каллаи профессор

Пур аст аз фикри бисёр –

Дар бораи инсонҳо,

Дар бораи ҳайвонҳо,

Дар бораи алафҳо,

Пайдоҳову талафҳо.

Пур аст аз фикри бисёр

Каллаи профессор…

Мехоҳам, диҳад ҳатман

Як-дутаашро ба ман!

ШИР ДАМИД

(аз Марина Бородитская)

Дамид шир,

Дамид шир,

Ба зинаҳо дамида рафт,

Ба кўчаҳо давида рафт,

Аз майдон ҳам он гузашт,

Равон шуд сўи гулгашт.

Тар шуд домани кампир,

Як-ду гурба шуд сер.

Дамида рафту баргашт

Аз майдону аз гулгашт,

Омад он аз кўчаҳо,

Аз назди гурбачаҳо,

Бо зинаҳо баромад,

Ба деги худ даромад,

Дигарбора надамид…

Соҳибхоназан расид,

Гуфто: «Дамидӣ, ширам?

Аз бўи хушат серам!»

пешина
аз 14
навбатӣ