НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?
Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд
ДАРАХТОН
Зебо дарахти чанор
Тонна-тонна дод анор!
Дарахти сарсабзи себ
Пурсеб асту беосеб!
Ба дарахти зардолу
Печида шохи олу,
Аҷаб сурхолу бастаст,
Зардолуро шикастаст!
Дар гардани сафедор
Токакро бибин савор,
Сафедори пурнур аст,
Мевааш лек ангур аст!
Сада метобад маҳзун
Чун сабади сарнагун…
Ин симчўби қатор
Чун дарахти мевадор
Дар нурмева ғарқ аст,
Чунки дарахти барқ аст!
Дар ин боғи пурмева
Ба ҳар тариқу шева
Дарахте беҳтарин аст,
Валекин… мевачин аст!
Ин дарахти раҳгардон
Одам аст, эй одамон,
Ҳиммате дорад воло,
Ошаш шавад меваҳо!
БОРОН
Борон, бибор,
Савғо биёр –
Оби тоза чун ҳавои пагоҳӣ,
Сабзаи чун абрешиму чу шоҳӣ,
Ҷўчаҳои беқарори шитобон,
Рангинкамони ҳафтранги тобон,
Кўчаҳои тоза чу рўи шуста,
Бачаҳои дар хонаҳо нишаста!
ШАМОЛАК
Шамолак, эй шамолак,
Хушпараку хушболак,
Аз рўбарўям наё,
Ақиб нагардон маро!
Аз пас биё беташвиш,
Телаам бидеҳ ба пеш,
Бахшо зўру тавонам,
То пешрав бимонам!
ДАР КЎЧАИ ГУНҶИШКОН
Дар кўчаи гунҷишкон
Гунҷишкон беҳад шодон,
Парзанон «Чӣ!» - мегўянд,
«Ин чӣ? Он чӣ?» - мегўянд.
Мехоҳанд инро донанд,
Мехоҳанд онро донанд,
«Чӣ? Чӣ?» - гуфта, мехоҳанд
Рози ҷаҳонро донанд!
Дар кўчаи гунҷишкон
Савол аст оби пурмавҷ.
Дар кўчаи гунҷишкон
Донишомўзӣ дар авҷ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё