Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

БАҲОРИ НАҚҚОШ

Борон гузашту шуд ҷаҳон

Зеботар аз рангинкамон.

Гўё ки наққоши баҳор

Омад пайи нақшу нигор.

Бо мўқалам бигрифт он

Ранге аз ин рангинкамон.

Молид ранги сурхро

Бар нўли кабки хушсадо.

Сонӣ ба рўйи лолаҳо,

Бар чеҳраи қинғолаҳо.

Ваҳ, гул чӣ сон хушранг шуд!

Гелос оташранг шуд!

Молид нилобӣ баҳор

Бар осмони беғубор.

Гаштанд сонӣ заъфарон

Гулбаргҳои қоқувон.

Ранги бунафши дилкушо –

Бар савсани гулзори мо.

Зангорро – бар барги бед,

Бобунаро – ранги сафед!

Ранги сияҳ бигзошт он

Бар шоҳтуту мармиҷон.

Охир худаш аз ҳафт ранг

Пўшид камзўли фаранг.

МОҲИ ҲАМАЛ

Моҳи ҳамал – дар амал,

Чашм барад тори тал.

Кишт шавад пал ба пал,

Моҳи ҳамал – дар амал!

Раъд биёяд ба хашм,

Абр кунад оби чашм,

Кўҳ дурахшад чу яшм,

Моҳи ҳамал – дар амал!

Турна парад паст-паст,

Қақра занад кабки маст,

Қоқу – гули дойрадаст,

Моҳи ҳамал – дар амал!

Бод чӣ чобуксавор,

Барзгарон – донакор,

Мавҷ занад лолазор,

Моҳи ҳамал – дар амал!

Сабз – замину замон,

Пок – рухи осмон,

Шод – дили одамон,

Моҳи ҳамал – дар амал!

БАРОБАР ШУДАМ!

Соли нав, эй ҷўраҷон,

Боз калонтар шудам!

Бо акаам Қаҳрамон

Балки баробар шудам? !

НИЗОМ ҚОСИМ

ДАР КЎЧАИ

ГУНҶИШКОН

«МЕҲМОНИ НАВ»

Очаҷонам аз духтур

Омад бо бағали пур,

Омад ў бо нинича,

Аҷаб зебо нинича!

Шуд дар гирди хони нав

Гап-гапи «меҳмони нав»,

Момо шукри меҳмон кард,

Ўро дуои ҷон кард,

Бобо ҳам кардаш дуо:

«Чун ман бадавлат бодо!»

Дар ин рўзи дилписанд

Ман ҳам шодаму хурсанд,

Дилшод аз ниниҷонам,

Лекин каме ҳайронам:

Дар хонаи худамон

Чаро гўяндаш «меҳмон»?!

пешина
аз 14
навбатӣ