Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

НАРИМОН БАҚОЗОДА

ТАЪТИЛИ ТИЛЛО

ГУЗАШТ

КОМПУТЕРИ МАН

Компутери ман –

Яктои хоса!

Монанди он нест

Андар мағоза!

Компутери ман –

Аслан худодод,

Ҳар ҷой бо ман

Мегардад озод.

Шинам, бишинад,

Тозам, битозад.

Хандам, бихандад,

Бозам, бибозад!

Ҳангоми бозӣ,

Бозии футбол,

Якто задам ман

Бо каллаам гол.

Тақдири бозӣ

Якбора ҳал шуд,

Компутер аммо

Андак касал шуд.

Духтур бигуфто:

– Компутерат – зўр!

Созад туро он

Инсони машҳур.

Бошад ягона

Дар асл зоташ,

То метавонӣ,

Соз эҳтиёташ!

Гуфто муаллим:

– Компутерат– соз!

Будан тавонад

Вай созтар боз!

Компутерат чуст,

Ё мешавад суст,

Вобастаи кист?

Вобастаи туст!

Хонӣ шабу рўз

Бо ғайрати беш,

Аз панҷхонҳо

Ту бигзарӣ пеш!

Компутератро

Парво бисозӣ!

Донотарини

Дунё бисозӣ!

Олам бароят

Аҳсан бихонад,

Бар дониши ту,

Бар каллаҷонат!

– Компутери ман,

Эй каллаҷонам,

То ки ту ҳастӣ,

Ман дарнамонам!

ТАЪТИЛИ ТИЛЛО ГУЗАШТ

Се маҳи сармо гузашт,

Сайру тамошо гузашт,

Давраи аъло гузашт,

Таътили тилло гузашт.

Давраи хуштар аз он

Омадааст ин замон,

Давраи касби камол

Дар раҳи илми замон.

Ҷангараси занги дарс

Мешунавам ин нафас,

Оҳ, дилам мекунад

Дарси якумро ҳавас!

Мактаби ҷон, ассалом!

Ҳамсабақон, ассалом!

Мўҳтарам устодҳо,

Аз дилу ҷон ассалом!

БАРОРАМ ДЕҲ!

Аё мактаб, зи дониш деҳ чароғе,

Ки худро аз худам созам суроғе!

Бубинам, то дар ин дунё кӣ ҳастам?

Чӣ меояд зи омолам, зи дастам?

Фурўзон машъаламро аз шарорам!

Бароре бахш бар умрам, баҳорам!

Ҷаҳони пирро таъмирам омўз!

Хати тақдирро таҳрирам омўз!

Аё мактаб, китобатро кушода,

Чиҳо гирам барои истифода?

Бидеҳ дарси тавоно зистанро!

Тариқи хидмати Модар-Ватанро!

Пайи парвозҳо болу парам деҳ!

Ба майдон қудрати размоварам деҳ!

Фурўзон машъаламро аз шарорам!

Барорам деҳ! Барорам деҳ! Барорам!

пешина
аз 14
навбатӣ