НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?
Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд
ЗИРА
Зира – аҷаб духтарак,
Духтари гапнодаро!
Хўрдааш ошаш шавад!
Дегу табақро чаро
Ҳеҷ намешўяд ў?
Банди ягон кору бор
Бошад агар модараш,
Хеста аз хоби ноз
Гиря кунад додараш,
Алла намегўяд ў!
Сад гули хушрангубў –
Зебу фари хонадон,
Хушк агар ҳам шаванд,
Худ надиҳад обашон,
Чида вале бўяд ў!
ДАР ИДИ АЛИФБО
Дар идат, эй Алифбо,
Бисёр шодмонем,
Шодем аз он ки акнун
Мо хонда метавонем!
Хушрўй менависем
Аз хат нарафта берун,
Аз хондану навиштан
Дил хуррам асту мамнун.
Додӣ ту, эй Алифбо,
Моро саводу дониш,
Моро шинос кардӣ
Ту бо Китоби хониш.
Шодем ҷумла аз ту,
Бошӣ ту ҳам зи мо шод!
Хуррам шавад дили мо,
Чун мерасӣ ту бар ёд!
СОЛИ НАВ
Соли нави фатҳу зафар,
Бас соли дилкаш омадӣ.
Дар ин диёри номвар
Хуш омадӣ! Хуш омадӣ!
Дар гирди арча бо фараҳ
Мо рақсу бозӣ мекунем,
Бобои Барфиро зи худ
Хурсанду розӣ мекунем.
Бар ў ҳикоят мекунем
Аз хониши аълои худ,
Аз орзуҳои накў,
Аз шавқи беҳамтои худ.
Бобо аз ин хуррам шавад,
Сад офарин гўяд ба мо.
Бо сарбаландӣ мекунем
Мо ҳам ба аҳди худ вафо!
Соли нави фатҳу зафар,
Бас соли дилкаш омадӣ.
Дар ин диёри номвар,
Хуш омадӣ! Хуш омадӣ!
БАҲРИИ ҚАҲРӢ
Гурбаеро «пиш!» гўед,
Пашшаеро «киш!» гўед,
Мешавад Баҳрӣ
Бо шумо қаҳрӣ.
– Лабу рўят – хоколуд,
Бирав, шуста биё зуд!—
Гуфтам ба Баҳрӣ,
Бо ман шуд қаҳрӣ.
– Мўзаатро дар хона
Бикаш, – гуфто Парвона.
Аз ин гап Баҳрӣ
Бо вай шуд қаҳрӣ.
– Ҷонакам, баъди хўрок
Дастонатро бикун пок, –
Гуфт ўро Шаҳрӣ,
Қаҳрӣ шуд Баҳрӣ.
Фақат ў бо саги худ
То ҳол қаҳрӣ набуд.
Қаҳраш, ки омад,
Сагашро ҳам зад.
Аз дўстон ҷудо монд,
Худ яккаву танҳо монд.
Эй войи Баҳрӣ,
Баҳрии қаҳрӣ!
НАИМҶОН НАЗИРӢ
ТУҲФА БА МОДАР
ЛОЛА
Лолаяки кўҳсор,
Лолаи хушрангубор,
Дар назарам мерасӣ
Парчами фасли баҳор!
Аз чӣ ту раъно чунин?
Хубу дилоро чунин?
Байни гулу сабзаҳо
Аз ҳама зебо чунин?
Эй гули олиҷаноб,
Ин чӣ руху обутоб?
Ё ки зи ҳуснаш каме
Дод туро офтоб?
ТЎҲФА БА МОДАР
Шамолаки кўҳистон
Бўйи хуше меорад,
Офтобакихандонрў
Нуру сафо меборад,
Марди деҳқон дар саҳро
Гандуму ҷав мекорад.
Ман меравам ба кўҳсор
Бо пайроҳаи печон,
Аз ёлаву аз бора
Чукрӣ чинаму торон,
Орам барои модар
Чун тўҳфаи баҳорон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё