НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?
Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд
ФУТБОЛ
- Мекунӣ бо ман футбол? –
Ба Шошо гуфто Бобо.
- Поям каме лат хўрда,
Сархам бигуфташ Шошо.
- Пас бишав, - гуфто Бобо, -
Дарвозабон, эй Шошо!
Рафт Бобо, ҷоеро
Бо қадам андоза кард,
Баъд аз он ду санг овард,
Он ҷоро «дарвоза» кард.
Акнун заданӣ буд гол
Он «қаҳрамон»-и футбол,
Ки як сангаш равон шуд,
«Дарвозабон» ҳайрон шуд!
Бобои осемасар
Худакаш ҳам шуд пакар,
Аз ханда ҳамаро кушт -
Буда сангаш сангпушт!
ХУДО АБУҶОНА БА МО ДОД…
Ба наздикӣ ман хондам
Аз дафтари Лоҳутӣ
Шеъре, ки будааст он
Аз модари Лоҳутӣ:
«Фасли зимистон буд,
Худо Абуҷона ба мо дод,
Қар-қари зоғон буд,
Худо Абуҷона ба мо дод!»
Моро ҳам додаре ҳаст,
Номаш Абуҷон бошад,
Вақти таваллудаш ҳам
Фасли зимистон бошад.
Шояд модари мо низ
Хонда он шеъри зебо,
Ба ниниякаш додаст
Номаки Абуҷонро.
То шавад ширинзабон
Чун булбулу чун тўтӣ,
Азизи мардум шавад
Ба монанди Лоҳутӣ!
СИТОРАШИНОС
Холаам нинича кард,
Номашро мондем Идрис,
Ниничаи ширин аст
Мисли конфети «Ирис».
Ҳама мехобад шабҳо,
Аммо ў надорад хоб,
Дар чашмонаш мерахшанд
Ситораҳои пуртоб.
Ба онҳо менигарад
Бо як ҷиддияти хос…
Мешавад ниниамон
Шояд ситорашинос?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё