НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?
Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд
РУХСАТӢ
Ба рухсатӣ баромад
Гунҷишки балову бад...
«Чӣ-чӣ»-кунон гунҷишкак
Дарди дил гуфто як-як:
«Кош Сочи мерафтам!
Аммо бо чӣ мерафтам?
Мерафтам кош Ялта,
Дастам ҳаст аммо калта!
Барои Исфара ҳам
Намерасад фараҳам!
Ҳатто то Шоҳамбарӣ
Бояд хеле бипарӣ!
Ҳатто барои Явроз
Лозим дастони дароз!»
Аз ин гуфту аз он гуфт,
Каме ҳасраткунон гуфт.
Баъд аз алам баромад,
Ба кулмаке даромад,
«Бошад чу дурдона, - гуфт, -
Оби дари хона!» – гуфт.
Аз шодӣ пар заду бол
Дар оби кулмак хушҳол,
Гуфто шодон: «Чӣ-чӣ-чӣ!
Ана, Ялтаву Сочи!»
БОҒ
Дар боғи ту чи бисёр,
Мурғаки кўчӣ бисёр!
Аз ину он мегўянд,
Бо сад забон мегўянд,
Бо сад забони рангин,
Бо сад баёни ширин.
Гандумгуна он яке
Аз Африка мегўяд.
Дигаре «Озодӣ дар
Америка!» - мегўяд.
Он як фиребобаён,
То сабақ диҳад ба мо,
Болҳоро карда по,
Омадаст аз Аврупо!
Аз Русия, ҳам аз Чин,
Биё, ту худат бибин, -
Омада сад лонасоз,
Омада сад доначин.
Домани ту аз дон пур,
Боғат аз мурғакон пур…
Домани ту пур бодо,
Ҳар донаат дур бодо!
ШАПАРАК
Шапараки рангоранг,
Аз чӣ шудаӣ дилтанг?
Худро аз худ меканӣ,
Ба тиреза мезанӣ,
Мебинӣ чунки зебо
Аз тиреза гулҳоро!
Дар хаёли хушрангат
Мешавӣ он сў роҳӣ,
Бо ҳавою бо гулҳо
Омехтан мехоҳӣ!
ДОСТОНИ НИНӢ
Нинияк «нуну» гўяд,
«Ба ман деҳ нун!» - ў гўяд.
Аз пасаш карда талош,
Мурғакро «туту» гўяд.
Куку парида равад,
Аз пасаш «Ку? Ку?» - гўяд.
Ҳамаро, мисли мурғон,
«Шумо» не, «ту-ту» гўяд.
Аз рўи сад ҳай карда,
Мошинро «дуду» гўяд!
Гулро канда барг-барг,
«Будаст ин хушбў!» - гўяд.
Очаашро бўсида,
«Очаам хушрў!» - гўяд.
«Дар фасли гармо маро
Бар ба лаби ҷў!» - гўяд.
«Бишў, - гўяд, - мўямро,
Сарамро бишў! – гўяд,
То тару салқин шавад
Дар сарам ҳар мў!» - гўяд.
Тургеневро нахонда,
Сагчаро Муму гўяд!
Алгебраро медонад! –
Як нависад, ду гўяд!
Самимӣ ҳар гапашро
Аз дилу гулў гўяд.
Нафорадаш ягон гап,
Рў гардонда, «Фў!» – гўяд!
Ҳама гапи дилашро
Бо кас рўбарў гўяд!
Калон шавад, фикрашро
Ҳамчун ману ту гўяд!
Аз нерўгоҳи Вахшу
Аз пули Омў гўяд,
«Ватанамро мекунам
Машҳури ҳар сў!» - гўяд.
«Мекунам шаҳри калон
Аз Яхчу Нилў!» - гўяд.
«На мебошад ин дурўғ,
На сеҳру ҷоду!» - гўяд.
«Агар ҳамфикри манӣ,
Биё ба паҳлў!» - гўяд.
Мешавад иҷро ҳатман
Ҳар чизе, ки ў гўяд!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё