Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Лаббай! – шунида шуд аз даруни хона.
– Ҳамон пули ба рўзи мабодо пасандоз кардаамонро ин ҷо биёр.
Модар як бастаи хурдро хомўш дар пеши Насим-амак гузошт ва чун соя онтарафтар рафта, сараш андак хам, хаёлманд нишаст.
Насим-амак бастаро кушод.
Музаффар ба Сайфиддинов нигарист.
Дар симои то ҳол карахти вай хун давида, чашмони танг-танги кабудаш хушнуд бозӣ мекарданд.
– Мана, Хоҷабой, буду шудаш ҳамин.
Якҳазору шашсад сўм... Ба ҳар эҳтимол камкам ҷамъ меовардем. Одамизод намедонад фардо чӣ пешомад дорад... Ду рўз пас бозор... Модагавам ба фурўш равад, боз чорсад сўм медиҳам.
– Илоҳӣ якатон ҳазор гардад. Маро ҳам худо ба рўзҳои нек расонаду дасту остин барзада, дар хизмати шумо бошам.
Сайфиддинов пулро филҳол ба киса андохта, саросема бархост.
Насим-амак ҳам аз ҷой хеста, калўшашро пўшид, ки меҳмонро гусел кунад.
Аммо Музаффару модараш наҷунбиданд.
– Хайр, додар! Хайр, апа!
Сайфиддинов пеш-пеш, Насим-амак аз қафои ў ба ҷониби дарвоза рафтанд.
Баъде ки падараш хотирҷамъ гашта омад, Музаффар беихтиёр пурсид:
– Чӣ, додо, фаромўш кардед? Вай, охир, дар замонаш шуморо ба як халта гандум нахарида буд!
– Бани одам на некиро аз ёд мебарад, на бадиро...
– Пас чаро ба вай пул додед? Барои чӣ нагуфтед, ки пояшро дар ин ҳавлӣ намонад? Боз гавро фурўхтан мехоҳед...
– Осуда бош, писарам! Ба бад нек будан лозим. Зиндагӣ ҳамин... Чӣ гўям? Ту ҳоло бисёр чизҳоро намефаҳмӣ. Ба кушандаи падарат модаратро деҳ гуфтаанд. Асабӣ нашаву чой каш... ташнаам!
– Не, додо, ман ба ин хел махлуқи беимон ҳаргиз некӣ намекунам. Вай, охир, дузд аст!
Агар дузд намебуд, дар анбораш камомад намеёфтанд.
– Рўи одамизод аз алав гармтар...
– Бало ба паси рўяш! Ҷинояткор бояд ҷазо бинад. Шумо имрўз ба як қаллоб мадад расонед, аз об хушк мебарояду фардо боз ҳамон ҳунарашро давом медиҳад. Беҳуда нагуфтаанд:
Бад аз навхати ҷоҳ бадтар шавад, Чу гардад қавӣ, мор аждар шавад.
Музаффар, тавре ки ба кадом кори таъхирнопазир азм карда бошад, шитобон аз ҷой хест.
– Куҷо меравӣ? – дар ташвиш пурсид падар.
– Хонаи Хоҷамаст, додо... Намемонам, ки вай лаънатӣ ба арақи ҷабини мо рўи сиёҳашро шуста, сурх нишон дода гардад!
– қатъӣ гуфт писар.
Насим-амак андешаманд ба торикии тарафи дарвоза менигарист. Лекин... ҳоло сабаб чӣ буд, ки наметавонист Музаффарро аз чунин иқдом боздорад.
1969
ТАСОДУФ
Мо дар автобус фақат ду нафар будем – ман ва ҳампаҳлуям... – марди тақрибан сӣ-сивудусола, ки гардани борикашро ба даруни гиребони каме чиркини худ кашида, гўё аз касе ё аз чизе хавф бурдаву хаёломез ғунча гардида… ба тиреза ҷафс шуда менишаст. Аҷаб шаклу шамоили ҳақирона дошт вай. Чашмони андак хурди сиёҳаш тарсу метофтанд. Пойафзори арзонбаҳояш лой ва дарида буд. Китфонаш лоғар, мўи парешон ва эҳтимол рўзҳо инҷониб ба шона вонахўрдааш тунук.
Дастонаш дароз, безеб... Бар замми ин ангуштони борики ў дар сари зонувони тезаш ҳеҷ ором намегирифтанд – меҷунбиданд, қуфлу калид мешуданд, меларзиданд.
Автобус дар яке аз кўчаҳои на чандон равшани канори шаҳр ба суръат раҳ мепаймуд. Вай аз байни он қасабаҳои нообод гузашта мерафт, ки ба якрангӣ, иморатҳои паст ва ҳавлиҳои бетартиби худ ҳар дафъа дар дили кас ҳузн тавлид мекарданд.

пешина
аз 132
навбатӣ