УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Аз афташ аён – ҳампаҳлуи ман ҳам ҳоло аз манзараҳои носози ду самти кўча, ки дар тасарруфи шаби нимторики тирамоҳон ба назар тазйиқовар менамуданд, дилтанг мешуд.
Шояд ман ғалат мекунам...
Балки ин ҷойҳо ба вай мақбуланд. Боз... кӣ медонад?
Лекин табъи ман торафт хира мегардид.
Аз торикии ғояти шаб, аз раҳи дури хонаам, аз автобуси фаршу курсиҳояш чиркин, аз ҳавои рутубаташ вазнин...
Мехостам ба касе ҳамгап шавам. Вай ягон чиз гўяд, ман чизи дигар гўям. Вай хандад, ман ҳам хандам, бемалол хурсандӣ кунам.
Аз ин рў боз ба ҳампаҳлуям нигаристам.
Ва ҳайрон шудам. Чӣ хел, ки ў ба ман...
қадре монанд буд. Аммо аз кадом ҷиҳат – инашро фаҳмида натавониста, хомўширо авло донистам.
Чӣ лозим беҳуда лақидан!
Маълум, ки вай ҳам ман барин як одами одӣ. Дар зоҳираш ҷаззобӣ ё фавқулодда ифодае нест, ки боиси майлу таваҷҷўҳ гардад. Ақлу идрокаш низ яқин муносиби шаклу шамоилаш, гиребони каме чиркинаш... Вале барои чӣ худро ин қадар ба тиреза ҷафс карда нишастааст?
Ба хаёл меравад эҳтимол.
Ва гўё... Тарсе ҳам дорад.
Аз чӣ метарсад?
Аз кӣ?..
Ман беихтиёр табассум кардам.
Аз айёми донишҷўӣ шахсеро мешиносам, ки агар кўча барояд – хоҳ дар шаҳр, хоҳ дар деҳа… – ҳамеша так-таки девор мегардад. Як бор кунҷковиам боло гирифта, пурсидам: чаро ин тавр?
«Дар дунё ҳар тоифа одам ҳаст, – озод гуфта буд ў дар ҷавоб. – Аз мобайни кўча гардам, кӣ медонад... Мумкин ягонтааш тела диҳад, китф занад, ҳақорат кунад, ё саг барин дарафтад. Ё аз ин ҳам бадтар – ба кисаам даст халонад... Дар дунё ҳар тоифа одам ҳаст. Эҳтиёт зарар надорад».
Зиёда аз бист сол мешавад, ки ман ба он мард шиносам. Зуд-зуд ба ҳам вомехўрем; гоҳо сўҳбат мекунем. Аммо то ҳол чӣ инсон будани ўро фаҳмида наметавонам...
Инак ман он шиносамро дар хотир оварда, беихтиёр табассум кардам. Ва ногаҳ боз ба паҳлуям нигаристам.
Ҳар ду чашмаш дар пушти тирезаи автобус, вай ҳамчунон ғарқи андеша буд.
Маълум, ки аз кадом ҷиҳате на танҳо ба ман монанд аст... Бештар он шиносамро мемонад.
Як одами одӣ.
Ман барин, вай барин...
Мувофиқи ҳолаш, ҷаҳонбиниаш, вазъи асабаш албатта хўю хислате ҳам дорад.
Кам нестанд ин гуна одамон.
Пас ба вай ҳамгап шудан чӣ лозим? Беҳуда... Лекин вақте ҳампаҳлуям банохост:
– Акнун фаҳмидам; фаҳмидам, ки чӣ тавр дар саросари дунё шўҳрат ёфтан мумкин, – гуфта, ба чеҳраи рангпаридааш қадре хун давид, ман дар ҷои нишастаам карахт шуда, фикрамро дар бораи вай ҳамоно тағйир додам.
На аз он сабаб, ки дар барам як шахси ба назар ақлаш коста менишаст – охир, дар байни шиносҳои ман ин қабил одамон ёфт мешаванд. Мумкин дар байни ёру ошноҳои шумо ҳам якта-нимта бошанд.
Ман барои он дар ҷоям карахт шудам, ки...
Беҳтараш – аз ин хусус даҳон намекушоям. Зеро бисёр касон маро чашми дидан надоранд; аз зери нохунам чирк меҷўянд; ҳеҷ айбамро наёбанд, думи сагат каҷ будааст мегўянд. Пас ин беҳ, ки сирри диламро санги сард барин ҳамеша ба худ гирифта гардам.
Ман як андоза ором шуда, ба андоми вай мулоим нигаристам.
–Аҷиб-ку... Ном баровардан... яъне ба кадом тартиб?
–Гап дар сари он ки шаҳр сохтаниам, – гуфт дар ҷавоб ҳампаҳлуям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё