УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Худоро шукр, овораи кору бор...
гаштаем.
– Зиндагӣ чӣ хел?
– Як навъ, додар... Асари ин ҷанг дар ду-се соли наздик барҳам намехўрдагӣ барин.
– Рафту аз ягон чиз танқисӣ кашед, бемалол фаҳмонед.
То тавонам, ёрӣ мерасонам.
Музаффар дар хотир дорад, ки ҳамон вақт падараш ҳатто ранг бохта, каме фикр карду баъд дудила:
– Кошкӣ як халта гандум ёфта медодӣ,
– гуфт.
– Ҳеҷ қисса не, ака. Гандум ҳам кирои гап?
Пагоҳ ин шербачаро хона фиристед.
Худатон медонед, ки ба пул ёфт намешавад. Лекин барои шумо... ягон тадбир месозам.
– Барака ёб, додар!
Хоҷамаст поин рафту онҳо боло.
Падар акнун шод буд, сабук қадам мезад...
Он шаб Музаффар дар коза танҳо хобид:
падараш об баста, то субҳ се-чор таноб юнучқаро шодоб кард. Нисфи рўз Музаффар чой ҷўшонд.
Падар бастаи дирўз аз хона ҳамроҳ овардаашро кушод. Дар он як каф ғўлингу чанд дона қурут буд. Онҳо хушу хурсанд чой нўшиданд. Сипас вай сари ўро маҳин як сила карда, дар ғами кори худ боз рў ба паҳнои боғ ниҳод.
Ва танҳо вақти офтобшинам баргашт.
Музаффарро гирифта, хона омад; хару ҷуволи ҳамсояро оварда, хандон пурсид:
– Ҳавлии Хоҷа-амакатро медонӣ, писарам?
– Ҳа-а...
– Бисёр хуб, ана ин ҷонварро савор шуда, зуд ба раҳ даро.
Вай гандум медиҳад, бор карда мебиёрӣ.
…Музаффар дар манзили Сайфиддинов харро ба мехи дарвозахона баст. Ва қадре кебида, ба дарун қадам монд.
Дар назди айвон палос густурда, ба рўяш як тал гандум рехта буданд – мумкин онро шамол медоданд.
Музаффар фурсате рост истод. Ба ҳавлӣ даромадани ўро ҳеҷ кас пай намебурд.
Ҳушаш банд, Сайфиддинов дар паҳлуи занаш ба диққат гандум тоза мекард.
Ниҳоят Музаффар пештар рафта, салом дод.
Сайфиддинов як қад парида, ба ақиб нигарист ва нохост ўро дида:
– Эъ, ин туӣ?.. Хайр, биё, – гуфт. Пас вазнин бархоста, пурсид: – Канӣ халтаат?
Музаффар тозон қафо гашта, аз пушти маркаб ҷуволро гирифта омад ва дудаста ба Сайфиддинов дароз кард.
– Эҳа, ҷувол-ку?!
Вай онро ба пеши пояш партофт.
Музаффар сар ба зер афканд.
– Чанд сўм овардӣ?
– Пул наовардаам.
– Барои чӣ?
– Охир… – лаб газид ў.
Сайфиддинов каме фикр карда, ба заҳрханд ҷуволро баргардонд.
– Ин тавр бошад, рафта ба додот расон:
агар чорсаду панҷоҳ сўм фиристад, аз анбори калхоз ягон халта ҷав ёфта медиҳам.
Гандум не... Хуб?.. Гўй, ки амакам ҳамин хел фармуданд... Бепул дода наметавонам.
Наход вай худаш нафаҳмад!
Музаффар:
– Ха-айр, – гуфта, сўи дарвозахона мерафт, ки ногаҳон ба гўшаш овози зани Сайфиддинов нишаст:
– Ин чӣ берўӣ! Дар кафи даст як тин надоранду ибо накарда, ба хонаи мардум ҷувол бардошта меоянд.
Дилакашон нони гандум хостааст...
Падараш Музаффарро дар бари дарвоза интизор буд.
– Ҳа, писарам, холӣ омадӣ?
– Агар чорсаду панҷоҳ сўм барам, аз анбори калхоз ягон халта ҷав ёфта медодааст.
– Ҳамин тавр гуфт?
– Ҳа-а, худаш дар рўи ҳавлӣ гандум тоза мекард...
Падар ба азоб хандид ва дигар лаб накушод. Фақат ўро бардошта, беозор аз хар фуроварду нарм ба оғўш кашид.
Он бегоҳ Музаффар баъди аз ҷанг баргаштани пуштибонаш нахустин бор ба тамоми овоз талх гирист.
*
– Очааш!
Аз ин нидои баланд Музаффар ба худ омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё