УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Ҳамон шабу рўз падар аз хона як палоси дарида, кўрпаву кўрпача ва косаву табақ гирифта, ба козае ки дар пуштаи баланди миёни боғ сохта буд, кўчида омад.
Музаффар қариб ҳар бегоҳ хона рафта, аз аҳволи модараш хабардор мешуд ва дар бозгашт порае кўмоч ё ба ном ягон дами гарм меовард. Баъзан, ҳангоме ки падар дер гоҳ ба обмонӣ, хишова ё хомток машғул мегардид, дар сояи бари коза нишаста, боғро ҳушёр посбонӣ мекард.
Боре вай чоштгаҳ ба хона омада, модарашро ғамгин дарёфт; аз чашмони варамидаи суп-сурхаш баръало аён буд, ки нав гиристааст.
– Ҳа, оча? – гуфт Музаффар, карахт шуда.
– Бачаи ёригарам, писаракам, нури дидаам! – Модар ўро дар оғўш гирифта, гаштаву баргашта бўсид. – Додот нағзанд?
Чӣ кор мекунанд?
– Хомток...
– Барои чӣ худашон наомаданд?
– Корашон мўл. Ту аҳвол пурс гуфтанд...
Бошад, ягон хўрданӣ биёр гуфтанд.
– Очаат садқа, дар хона ҳеҷ чиз нест-ку.
– Хайр, гашта меравам.
– Рав, писарам, ба додот мадад расон.
Гўй, ки вақт ёфта, як сари қадам биёянд.
Музаффар аз ин ҳолати модар малул гардида, хоҳам-нахоҳам самти Боғи Болоро пеш гирифт.
...Вай қариби бегоҳ боз ба хона омад; ҳамроҳи падараш омад. Гурусна буд, дам ба дам дилаш беҳузур мешуд... Имрўз нон нахўрдааст. Ҳар пешин як лаб кўмоч ё порае нони ҷаву каме ангур хўрда, курраи асп барин бепарво мегашт. Барои чӣ модараш ин саҳар ба вай нон надод? Охир, як сол қабл «ҷанг тамом шавад... додот гашта биёянд, дигар ҳеҷ гоҳ гурусна намемонӣ», – гуфта буд! Мана, падараш сиҳат-саломат баргашт, аммо канӣ нон?!
Музаффар ба ҳамин гуна хаёлҳо дар лаби суфа менишаст. Пас ў баногоҳ аз дарун овози гиряолуди модарашро шунид, ки яқин шикоят мекард. Лекин вай чӣ мегуфт – фаҳмида натавонист, гўё ин садо дар дуриҳо меларзид, пахш мехўрд.
Баъди фурсате аз хона овози падараш низ баромад:
– Аҳволи калхоз аз аҳволи мо беҳтар не.
Сабр кардан лозим, ҳамааш дуруст мешавад...
Ҳангоме ки офтоб ба ғуруб рафта, дар рўи замин торикӣ мехамбид, падар ба як муҳаббат Музаффарро аз дасташ гирифта, ҷониби кўча бурд. Сархаму андешаманд буд. Вазнин қадам партофта, гоҳо бидуни ихтиёр ангуштони нозуки ўро мулоим мефишурд.
Ҳамон бегоҳ Музаффар шояд аввалин маротиба ба сар то пои падараш меҳрандуд зеҳн монд ва ақида кард, ки вай худро хеле коҳондааст. Ришаш расида, чеҳрааш тира метофт; лабонаш парсин баста буданд. Бозувони серрагупаяш дар офтоб сўхта, каме пўст партофтаанд. Ҳар ҷо-ҳар ҷои кафи даст ва зери нохунҳои бақувваташ захмин шудаанд. Сарулибоси аскарии ў, ки нахустин рўзи ба ин раҳ даромадани онҳо тозаву шинам буд, акнун ранги аслашро қариб гум кардааст.
Тахтапушти куртааш аз арақи бадан шўра баста...
Аз рўбарў «ассалому алайкум» гуфтани касе падару писарро ба худ овард: як қадам дуртар аз онҳо мудири анбори калхоз Хоҷамаст меистод. Ду рухсори чун таки калўш парзадааш сурх буданд.
Дандонҳои тахмин аз дуди тамоку зардашро намоиш дода, вай тунук механдид.
– Нағзед, ака? Ба омаданатон се-чор моҳ шудаасту ягон бор шуморо надидаам.
Хоҷамасту падари Музаффар мисли дўстони дерин ҳамдигарро канор гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё