Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

-Ҳа, ман онҳоро медонам. Онҳо ҳар дафъа, ки меомаданд, ман ба онҳо кумак мекардам.
Мебурдам ноҳияҳо. Ман ба гапи онҳо бовар мекунам.
Ман гуфтам:
-Ана ҳамин. Бовар мекарда бошӣ, дон, ки 50 фоиз нею 80 фоиз тоҷик аст дар Бухоро. Нисбат ба инҳо андак сиёсатро дигар кардан даркор. Ҳамаи инҳоро узбек гуфтан, узбек навиштан ҳеҷ ба ҳақиқат наздик намеояд. Баъд гуфт, ки:
-Бисёр хуб. Ман кӯшиш мекунам, ин халқи ҷабрдидаро тарафашро гирам. Намонам, ки ноинсофӣ шавад дар ҳаққи тоҷик. Шумоҳо биёед аз Душанбе, одамҳоро фиристонед, ҷавонҳоро фиристонед, ки биёянд ин ҷо, халқи ин ҷо қатӣ кор кунанд. Лекин “этого, кудрявого историка не посилайте”-гуфт. Ин “кудрявий историк” ҳамин Намоз Ҳотамов, ки ҳозир профессор аст. Ин ҳамон рӯзи мубоҳиса дар толор, дар қатори якум шишта буду ҳар замон мехест. Ҳар замон мехесту чизе мегуфт. Ҳамон чиҳо гуфта будааст, ки ба ин бисёр маъқул нашуда будааст. Гуфт, ки ҳамин таърихшиноси ҷингиламӯйро нафиристед. Дигар ҳар касро хостед, фиристед. Биёянд. Мо ёрдам мекунем. Бо халқи ин ҷо кор кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё