Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки паспорти тоҷикӣ диҳанд. Паспорте, ки дар он ҷо миллати ин одам тоҷик навишта шудааст. Ман гуфтам:

-Ба ин корҳо ту ёрдам кун. Инҳо дар ҳаққи мардуми тоҷик бисёр ҷабр мекунанд. Ту намон, ки инҳо ҷабр кунанд. Аз ту илтимос. Гуфт:

-Бисёр хуб. Ман кӯшиш мекунам. Ман гуфтам:

-Ба фикри ту тахминан дар вилояти Бухоро чӣ қадар тоҷик ҳаст? Фикр карду гуфт:

-Ҳамин ним тоҷику ним узбек. Як панҷоҳ фоиз тоҷик, як панҷоҳ фоиз узбек дар тамоми вилоят.
Ман гуфтам, ки:

-Не бародар. 80 фоиз тоҷик дар вилояти Бухоро ҳаст.

Як гурӯҳ мардумшиносони Ленинград, ана ҳамон Раҳмат Раҳимов. Инҳо чанд сол пеш Бухоро омада буданд, барои экспедитсия. Рафтанд, тафтиш карданд, хуб диданду баъд вай мақола навишт ҳамон Раҳимов. Ҳамон ҷо гуфт, ки халқи вилоят 80 фоиз тоҷик. Ман гуфтам:

-Ҳамин мардумшиносони Ленинград инро гуфтаанд. Котиби обком гуфт, ки:

пешина
аз 117
навбатӣ