Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Ман бисёр хурсанд шуда, аз он ҷо баромадам.
Баъд аз он ҷо омадем Душанбе. Акнун албатта ин воқеа ҳамеша фикри маро ба худ банд медошт.
Як вақте СССР барҳам хурд. Бухоро омадем, ки ҳамон обком акнун ҳокимхона шудааст. Ҳамон бинои хиштини нуҳошёна ҳокимхона шудааст.
Ҳамон Ёдгоров ҳокими вилоят шудааст. Дар ҳамон кабинети зебои калоне, ки дошт, дар ҳамон кабинет мешинад. Дар ҳамон толор маҷлис мекунад. Лекин номаш акнун ҳоким. Баъд аз як сол ё ду сол буд, ки як замон хабар омад ба Душанбе, ки ҳамон Ёдгоровро гирифтанд. Ёдгоров нест дигар. Ба ҷояш як касро ҳокими вилоят таъйин кардаанд, ки ин одам акнун номашро фаромӯш кардаам, Институти политехникии Душанберо тамом карда будааст. Он вақт Осимӣ ректори ҳамон институт буданд. Осимӣ гуфтанд, ки:
-Эй, вай шогирди ман. Ана акнун ман меравам, вай қатӣ гап мезанам. Вай қатӣ дигар хел гап мезанем.
Вай ба Душанбе омада мерафтааст. Аз ин ҷо зан гирифта будааст. Аз исфарагиҳо. Ҳама хешу табори занаш аз ҳамин ҷо, дар Исфара, дар Душанбе.
Домулло Осимӣ бисёр хурсанд шуданд. Баъд як замон аз Бухоро ба номи чанд кас як даъватнома омад. Аз ҷумла Осимӣ. Даъватномаи кадом конференсия. Конференсияи таърихӣ буд, ё чӣ буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё